22-юми март — Рӯзи ходимони маҳалла
Маҳалла пояи ҷамъият аст. Ин система, ки дар кишвари мо ҳамчун системаи ягонаи идоракунӣ пазируфта шудааст, дар таъмини рушду оромӣ ва ободии минтақа нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ба ин система дар кишварамон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи он дар ҷомеа, ба зинаи нави баланд бардоштани самаранокии фаъолият ислоҳоти мунтазам гузаронида мешавад. Албатта, дар пешравии ҳар як соҳа кормандони пурғайрату фидокори он аҳамияти махсус доранд. Ташкили самарабахши фаъолияти маҷлисҳои шаҳрвандони маҳаллӣ аз коркунони система масъулияти калон талаб мекунад. Аз соли 2020 инҷониб 22-юми март дар мамлакати мо ҳамчун Рӯзи кормандони системаи маҳалла бо мақсади ҳавасманд ва ба фаъолияти онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намудан таҷлил мегардад.
Ба муносибати ин сана тибқи фармони сарвари давлатамон як гурӯҳ кормандони системаи маҳалла бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Аз ҷумла, раиси маҳаллаи «Қарнабота»-и ноҳияи Пахтачии вилояти Самарқанд Учқун Бегматов бо ордени «Дӯстлик», фелдшери бригадаи тиббии Маркази тиббии оилавии «Ҷизмон»-и ноҳияи Каттақӯрғон Нуридин Норбеков бо ордени дараҷаи II «Тандурустӣ», ёрдамчии ҳокими маҳаллаи «Аработа»-и ноҳияи Нуробод Гавҳар Исаева бо медали «Шӯҳрат» мукофотонида шуданд.
Дар ҳокимияти вилояти Самарқанд маросими супоридани ин ҷоизаҳо ва ба як гурӯҳи дигари фидоиён супоридани нишони сарисинагии “Маҳалла ифтихори” баргузор шуд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов фаъолони маҳалларо бо ид табрик гуфта, заҳмати онҳоро қадрдонӣ кард.
