27‑уми март Рӯзи умумиҷаҳонии театр (World Theatre Day) мебошад. Ин рӯз аз соли 1961 бо ташаббуси вакилони Конгресси IX Институти байналхалқии театрӣ (MIT) таъсис дода шудааст. Дар ҳақиқат, саҳнаҳое, ки дар театрҳо ба намоиш гузошта мешаванд, барои тағйир додани зеҳни одамӣ, ташаккули маънавият ва ба самти инсондӯстию мардумсолорӣ раҳнамун кардани ҷомеа хидмат мекунанд.
Имрӯзҳо низ театрҳо ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи ақливу зеҳнӣ, пайвандгари маънавии наслҳо, баёнгари таърихи гузаштаву ҳаёти имрӯза, анъана ва одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа мақоми арзанда доранд. Тавре мутафаккири рус В. Г. Белинский гуфтааст: «Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мост».
Боиси ёдоварист, ки ҳоло дар вилояти Самарқанд чор театри давлатӣ фаъолият дорад, ки яке аз онҳо Театри драмаи мусиқии вилоят ба шумор меравад.
Театри мазкур фаъолияти эҷодии худро 15‑уми январи соли 1914 бо гузоштани драмаи «Падаркуш»-и Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ оғоз кардааст. Нахуст чун «Труппаи мусулмони Самарқанд», тӯли солҳои 1914–1918 чун «Дастаи мусиқа, драма ва адабиёти Самарқанд» фаъолият пеш бурдааст.
Аз 24‑уми феврали соли 1922 бо номи «Труппаи ӯзбеки Самарқанд» дар ихтиёри шӯъбаи таълими шаҳр фаъолияти худро идома додааст.
Дертар дар Самарқанд труппаи «Ўлка Намуна Сайёр» ташкил гардида, таҳти унвони агиттеатри «Кўк кўйлак»-и Театри ӯзбеки Самарқанд кори худро идома додааст.
Ба ҷамоаи театр Толибҷон Содиқов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Габриэл Муллоқандов, Бақо Тоҷиев, Ғанӣ Абдуллоев, Донӣ Зокиров, Набиҷон Ҳасанов барин ҳунарпешагон, оҳангсозон ва коргардонҳои маъруф пайвастанд. Солҳои 30–40‑уми асри гузашта дар рушди театри Самарқанд марҳилаи муҳим ба шумор рафта, маҳз дар ин давр асарҳои «Фарҳод ва Ширин», «Маликаи Турандот», «Ғунчаҳо», «Рустам», «Бедорӣ», «Кори Майсара», «Адолат», «Бой ва хидматгор», «Нурхон», «Гулсара», «Суруди ҳаёт», «Номуси оила» ба саҳна гузошта шуданд.
Соли 1934 театр бо Театри драмавии русӣ якҷоя гардида, ба Театри муттаҳидаи давлатии ба номи А. Лоҳутӣ ва аз соли 1944 ба Театри давлатии драмаи мусиқии ӯзбек ба номи Ҳомид Олимҷон табдил ёфт. Ҳамон сол аввалин асари мусиқии театр — «Тоҳир ва Зуҳро» ба намоиш гузошта шуд.
18‑уми августи соли 1964 охирин бозсозӣ ба амал омад ва театр пурра ба жанри драмавӣ гузашт. Соли 1992 театр ба Театри давлатии драма ва мусиқии Самарқанд ба номи Ҳомид Олимҷон ва соли 2016 бо фармоиши Девони Вазирон ба Театри драмаи мусиқии вилояти Самарқанд табдил ёфт.
Театри Самарқанд таърихи беш аз 100‑сола дошта, дар тӯли фаъолияти эҷодии худ асарҳои классикии таърихӣ, миллии замонавӣ ва ҷаҳониро ба рӯйи саҳна гузоштааст ва бо дастаҳои ботаҷрибаи эҷодӣ эътибори тамошобинону мутахассисонро ба худ ҷалб карда тавонистааст.
Дар солҳои истиқлолият дар театр пажӯҳишҳои нави эҷодӣ сурат гирифта, «Самарқанднома», «Темури бузург», «Роҳи абрешим», «Беҳбудӣ» барин асарҳои нодир ба саҳна гузошта шуданд.
Солҳои охир дар ҳаёти эҷодии театр дигаргуниҳои назаррас ба амал омад. Дар чор соли охир дар театр «Мирзо Улуғбек» (М. Шайхзода), «Бародарон» («Қобил ва Ҳобил» аз рӯи асари «Қобил»-и Ҷ. Байрон), «Имон» (Иззат Султон), «Сайқали Самарқанд» (И. Мирзо), «Эдип» (Софокл ва Сенека), «Тарма» (Тунҷар Ҷӯҷан ӯғли), «Меҳридарё» (Нурилло Аббосхон), «Машраб» (Насрулло Қобилов), «Дуэл» (Мар Байҷиев), «Нахустин рӯзи тирамоҳ» (Ӯлмас Умарбеков), «Дили модар» (Маҳмудҷон Комилҷонов), «Мусиқачиёни Бремен» (бародарон Гримм) ва дигар асарҳои бузурги таърихию классикии ҷаҳонӣ ба саҳна гузошта шуданд.
Солҳои охир ҳамкории театр бо кишварҳои хориҷӣ низ густариш ёфт. Ҷамоаи эҷодии театр дар Фестивали XI байналмилалии театрҳои «Ҳазор нафас, як садо», (шаҳри Коняи Туркия) Фестивали VI байналхалқии театрҳои «Самғау» (шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон) бо спектакли «Тарма» бомуваффақият иштирок карда, дар як қатор номинатсияҳо пирӯз шуданд.
Инчунин, бо сафари эҷодӣ ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, намоиши «Бигзор ман бимирам»-ро рӯйи саҳна гузоштанд.
Соли гузашта спектакли «Лайлӣ ва Маҷнун», ки аз ҷониби дастаи эҷодии театр омода шудааст, дар озмуни Ҷоизаи миллии фарҳанг ва санъати «Ситораҳои Ӯзбекистони Нав» чун «Беҳтарин спектакли сол» эътироф гардид. Илова бар ин, ҳунарпешаи боистеъдод Шоҳсанам Облоқулова, ки нақши Лайлиро офаридааст, дар номинатсияи «Беҳтарин актрисаи сол» сарфароз шуд.
Маҳз ҳамин спектаклро дар Фестивали якуми байналмилалии театрҳои Турксой, ки рӯзҳои 31‑уми октябр ва 4‑уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Шушаи Озарбойҷон гузаронида шуд, чун «Беҳтарин спектакл» эътироф карданд.
Соли ҷорӣ иштирок дар фестивалҳои байналмилалии театр, ки дар Туркия, Англия, Беларус, Қазоқистон доир мегарданд, инчунин, намоиши саҳнаҳо дар театрҳои вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё ва Навоӣ дар назар аст.
Сарвиноз МАМАНОВА,
мудири шӯъбаи адабии Театри драмаи мусиқии вилоят.
