Рӯзҳои 2-5-уми апрели соли равон маросими кушодашавии чорабиниҳои “Шаҳри Самарқанд – Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024” баргузор мешавад.
Дар маросими ифтитоҳи он иштироки меҳмонон аз кишварҳои узви ИДМ – Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон дар назар аст.
Мақсади асосии ин чорабинӣ табодули фарҳангии кишварҳои ИДМ, мустаҳкамсозии дӯстии байни халқу миллатҳо мебошад. Тавассути ташкили чорабинӣ имкони васеи тарғиби фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон фароҳам мегардад.
Ёдовар мекунем, ки шаҳри Самарқанд дар ҷамъомади Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки моҳи октябри соли гузашта дар Самарқанд гузаронида шуд, дар чаҳорчӯби Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил” ҳамчун пойтахти фарҳангӣ дар соли 2024 эълон шуд.
Пеш аз ин пойтахти фарҳангии Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд.
Бояд гуфт, ки Самарқанд яке аз шаҳрҳои бостонии ҷаҳон буда, имрӯз дар ин шаҳри куҳан 14 ёдгории бостоншиносӣ, 410 ёдгории меъморӣ, 36 ёдгории монументалӣ ва дар маҷмуъ 483 иншооти мероси моддиву фарҳангӣ мавҷуд аст.
Маросими кушодашавии чорабиниҳои “Шаҳри Самарқанд – Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024” баргузор мешавад
