Рӯзе аз бозори Сиёби шаҳри Самарқанд тавассути кӯчаи Ал-Бухорӣ пиёда бармегаштам. Вақте ба «Чорроҳа» расидам, беихтиёр чашмам ба чанд навиштаҷоти канори роҳ афтод. Бо ҳарфҳои калону хоно: «Биета нағз бинӣ, мусор намепатойи», «Эй аҳли мусулмон, мусор напартоед», «Дар рӯ ба рӯ масҷид, аз Худо тарс», «Камера гузоштагӣ, штраф!» навишта буданд.
Аз хондани ин навиштаҷот, ки як навъ ба тозагӣ даъват мекард, на хурсанд шуданро медонистаму на ғамгин гардиданро. Наход мо то ба ин ҳад расидем ва ба тозагии гирду атрофи худ беэътибор шудем? Мутаассифона, баъзеҳо ҳатто ба ин суханҳо эътибор намедиҳанд. Барои онҳо партофтани партов муҳим аст.
Ҳатто партовро ба наҳр ва ҷӯйборҳо низ мепартоянд ва обро ҳаром мекунанд, ки ин амали ношоиста аст.
Ғайр аз ин, тибқи фармони Президенти мамлакат аз 31_уми майи соли 2023 «Дар бораи чораҳои трансформатсияи соҳаи ҳифзи экология ва муҳити зист ва ташкили фаъолияти мақомоти давлатии ваколатдор» таҳти рақами ФП_81 миқдори ҷаримаҳои маъмурӣ барои партофтани партов дар ҷойҳои манъшуда, дар наҳру ҷӯйборҳо зиёд карда шуд. Инчунин, мувофиқи сархати якуми моддаи 91_и Кодекси ҷиноятҳои маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз чунин шаҳрвандон аз як то се баробари миқдори ҳисоби базавӣ ва аз шахсони мансабдор аз даҳ то бист баробари миқдори ҳисоби базавӣ ҷарима ситонида мешавад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки одоби дар нуқтаҳои муқаррарӣ партофтани партовро омӯзем ва дар ҳифзи муҳити зист саҳми шоиста гузорем.
Сӯҳроб ХОЛИҚУЛОВ,
донишҷӯ
