Акси садо
Дар шумораи 21_уми рӯзномаи «Овози Самарқанд» (16.03.2024) мақолаи «Бихӯред, бинӯшед, вале исроф накунед…»-и рӯзноманигор Фаридуни Фарҳодзодро хондам. Пас аз мутолиаи мақола ба ёдам як ривояте омад.
Рӯзе шахсе шутурсавор аз як шаҳр ба шаҳри дигар мерафт. Дар роҳ ҳангоми хӯрдани нон ногоҳ ба замин як резаи онро афтонд. Он шахс аз шутур фаромада нонрезаро кофт, вале ёфта натавонист. Ниҳоят атрофи онро девор кард, то ки нонреза зери пои касе намонад. Аз ҳамон вақт мақоли «Нон ҳам нону нонреза ҳам нон» миёни мардум паҳн гардид.
Воқеан, нон неъмати бебаҳо аст ва мо насли хушбахтем, ки ҳаёти фаровон дорем. Дар сериву пурӣ умр ба сар мебарем. Ба қавле, ҳар чизе диламон хоҳад, дар наздамон муҳайё аст. Аммо гоҳо ба ин неъматҳои зиндагӣ, фаровонӣ, ношукриву носипосӣ мекунем. Дар ҳаёти донишҷӯён низ чунин беэҳтиромӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва исрофкориҳоро мушоҳида кардан мумкин аст.
Рӯзе аз хобгоҳ ба дарс мерафтам. Дар канори роҳ партови бисёр буд. Ногоҳ чашмам ба пораҳои нон афтод, ки миёни хокрӯбаҳо меистод. Ба чашмам бовар накардам. Наздик рафта, нонҳоро гирифта, таги девори канори роҳ гузоштам, то зери по нагардад. Раҳораҳ ба худ андешидам, ки оё ин амали одамон дуруст аст? Магар, исрофкориҳое, ки имрӯз мекунем, фардо ҷавоб надорад? Дар ҳоле, ки мардуми аксари кишварҳои ҷаҳон аз гуруснагӣ азият мекашанд, нонро ба партов партофтани мо гуноҳ нест? Мо бояд аз чунин исрофкориҳо даст кашем. Аз рӯзгори душвори мардуми давлатҳои камбизоат хулоса бароварда, аз ҳама гуна неъматҳои моддиву маънавӣ оқилонаву босамар истифода барем.
Шаббода АСОМИДДИНОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов
