Имрӯзҳо зинаи панҷуми сабти ном дар «Дафтари занон» оғоз ёфт. Яъне, барои ба «Дафтари занон» сабти ном шудани занони эҳтиёҷманди ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳо барӯйхатгирӣ оғоз шуд. Хӯш, ҷараёни амалигардонии он чӣ хел аст? Ба ин рӯйхат кадом занҳоро менависанд? Дар ҷамъомаде, ки дар ҳокимияти вилоят ба шакли видеоконференсия гузаронида шуд, намояндагони идораву ташкилотҳои дахлдори ин масъала ва вакилони ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.
— Имсол соли панҷум аст, ки таҳти ҳамкории Иттифоқи касаба ва Садорати кор бо оила ва занону духтарон сохтори «Дафтари занон» ба роҳ монда шудааст, — гуфт роҳбари Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар вилоят Суҳроб Рафиқов. — Агар соли гузашта ба ин рӯйхат 108 ҳазору 538 нафар занон сабти ном шуда бошанд, имсол дар назар аст, ки боз ҳамин қадар занону духтарон ба рӯйхат дароварда шаванд. Соли гузашта мушкилии 99,96 фоиз, яъне 108 ҳазору 690 нафар занони сабти номшуда, ҳал гардида, бо боқимонда корҳо идома доранд. Алалхусус, шуғли 35 ҳазор нафар занону духтарони эҳтиёҷманди иҷтимоӣ таъмин гардид.
Ба 4198 нафар зан барои ба роҳ мондани фаъолияти тадбиркорӣ 38,7 миллиард сӯм қарз ҷудо карда шуд. Инчунин, ба 33758 нафар хоҳаронамон, ки саробонашонро гум карда, ба кӯмаки иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, 22,2 миллиард сӯм ёрдами моддӣ расониданд.
— Зинаи панҷуми «Дафтари занон» аз 5‑уми январи соли ҷорӣ оғоз гардида, то 20‑уми январ давом мекунад, — гуфт ҷонишини ҳокими вилоят, роҳбари Садорати оила ва занону духтарон Зебуннисо Раҳмонова. — Дар ҳар яки 1126 маҳалла яктогӣ гурӯҳи корӣ кор мебарад. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ раиси маҳалла, фаъоли занону духтарон, ёрдамчии ҳоким ва вакилони ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳо дохил карда шуданд. Гурӯҳҳои корӣ муаммоҳои ҳар як зану духтари аз 30-сола болоро меомӯзанд. Бояд гуфт, ки ҳангоми барӯйхатгирӣ ба занону духтароне, ки дар шифохона табобат мегиранд ва ё дар мигратсияи меҳнат ва муассисаҳои ҷазогирӣ ҳастанд, эътибори алоҳида нигаронидан лозим аст.
Бонувоне, ки қаблан ба «Дафтари занон» сабти ном шуда, соҳиби ҷой гардидаанд ва ё фаъолияти тадбиркориро ба роҳ мондаанд, дубора ба рӯйхати «Дафтари занон» навишта намешаванд. Агар онҳо аз кори доимӣ озод ва фаъолияти тадбиркориашонро ба роҳ монда натавониста бошанд, мумкин дубора ба дафтар сабти ном шаванд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки аз 1‑уми марти соли 2024 ба занони эҳтиёҷманд расонидани кӯмаки амалӣ оғоз мешавад.
Мухбири худамон.
Ба рӯйхат гирифтани бонувон дар «Дафтари занон» оғоз ёфт
