Ovozi.uz

Илм роҳи ягонаи наҷот аст

Ислоҳоте, ки дар соҳаи таълим анҷом дода мешавад, баробари баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия барои аз худ кардани дониши баланду сифатноки фарзандони мо шароит фароҳам меорад. Ба шарофати имзо гардидани як қатор ҳуҷҷатҳои меъёри дар самти ноил шудан ба сифат ва самаранокии таълим натиҷаҳои мусбат ба даст меоянд.
Инро на танҳо намояндагони соҳаи таълим, балки намояндагони дигар бахшҳо низ эҳсос мекунанд. Дар баробари ин муаммоҳое ҳам ҳастанд, ки онҳоро фавран ҳал намудан лозим. Аз ин рӯ, гарчанде маблағи зиёд лозим аст, вале зарурати ҳалли вазифаҳои муҳими амалиёти дар кишварамон роҳандозӣ кардани технологияҳои муосири инноватсионии давлатҳои пешрафта вуҷуд дорад.
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 5-уми феврали соли равон таҳти раёсати сарвари давлатамон бахшида ба баррасии вазифаҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ баргузор гардид, ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса дода шуд.
Дар вохӯрӣ президентамон доир ба ислоҳоти соҳаи таълим ва вазифаҳои таъхирнопазир дар ин самт ҳарф зад. Мувофиқи он таъмин намудани тамоми муассисаҳои таълимии томактабӣ бо маводи таълимию методии мутобиқ ба арзишҳои миллӣ, пурра рақамӣ кардани равандҳо, аз қабили ғизо, давомоти донишомӯзон, якҷоя бо Маркази илмию методии рушди таълим таҳияи нақшаву барномаҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва забонҳои хориҷӣ, тадриҷан ҷорӣ намудани таҷрибаи ҷаҳонӣ (Р1БА, TIMSS, PIRLS) дар арзёбии дониши хонандагон ва омӯзгоронро таъкид кард.
Илова бар ин, барномаи таълимии Мактабҳои президентӣ дар ҳазор мактаби дигар мавриди истифода қарор гирифта, вазифаҳо аз рӯи таҳияи рӯйхати 50 касб барномаҳои таълимӣ ва таҷрибавии онҳо ва ба соҳибкорон барои касбомӯзӣ дар мактабҳо ҷойҳои ройгон ҷудо кардан, 2 ҳазор нозир-психологҳоро аз Вазорати корҳои дохилӣ ба системаи Гвардияи миллӣ гузаронидан, ба кор андохтани платформаи электронӣ дар асоси силсилаи «Мактаб — падару модар — маҳалла» муайян карда шуд.
Инчунин, эътироф гардид, ки стандартҳои 100 касби серталаб дар асоси таҷрибаи Олмон, Швейтсария ва Британияи Кабир нав карда шуда, дар техникумҳо низ низоми «кредитӣ» ҷорӣ мегардад.
Дар асоси ин супоришҳо 95 нафар муаллимони мактаби мо ҳам барои худ барномаю вазифаҳои заруриро муайян карданд. Имрӯзҳо дар мактаби мо 1509 нафар донишомӯз таҳсил мегиранд. 91 нафар муаллими мо мураббиёни соҳиби маълумоти олӣ, тоифадор мебошанд. Ба туфайли меҳнати пурсамари онҳо соли гузашта аз 73 нафар хатмкунандагон 32 нафарашон ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.
Мо дар бобати ба роҳ мондани хамкории «Падару модар, мактаб, маҳалла» корҳои амалиеро оғоз намудаем. Барои баланд бардоштани обрӯю эътибори устодон волидайни хонандагонамон аз наздик ёрӣ мерасонанд.
Илм роҳи ягонаи наҷоти инсон аст. Ҳалли ҳамаи масъалаҳо, албатта, ба соҳибони илм вобаста мебошад. Зеро, дар паси корҳои оддӣ ҳам, вазифаҳои мураккабтарин ҳам хизмати бебаҳои аҳли илму дониш меистад.

Анвар ЗОҲИДОВ,
директори мактаби таълими умумии рақами 21-и ноҳияи Самарқанд