Шоир ва нависанда Фармон Тошев 6‑уми апрели соли 1954 дар ноҳияи Пахтачӣ таваллуд шудааст. Соли 1975 Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, аз ҳамон сол то ҳол дар соҳаҳои гуногуни матбуот фаъолият мебарад. Аз соли 1998 инҷониб сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» мебошад. Узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндаи халқи вилояти Самарқанд аст. Ӯ бо орденҳои «Меҳнат шуҳрати» ва «Эл-юрт ҳурмати» мукофотонида шудааст.
Аввалин китоби ӯ «Қарнабчўл қўшиғи» («Суруди Қарнабчӯл») соли 1994 ба табъ расида буд. Баъд аз он «Онанг тирик, болам» («Модарат зинда, фарзандам»), «Мен ёмғирли кунда келаман» («Ман дар рӯзи боронӣ меоям»), «Қарнабота армони» («Армони Қарнабота»), «Журналистнинг нони қаттиқ» («Нони рӯзноманигор сахт аст»), «Умрнинг ўртаси» («Миёнаи умр»), «Баҳодур Ялангтӯш», «Мезон баёзи» («Баёзи мезон»), «Сумбула баёзи» («Баёзи сумбула»), «Қавс баёзи» («Баёзи қавс») ва китобҳои дигари бадеию публисистии ӯ дар жанрҳои гуногун аз чоп баромадаанд.
Мо аз номи ҳайати эҷодии рӯзномаи «Овози Самарқанд» устоди арҷмандро бо 70-умин солгарди умр сидқан шодбош гуфта, саломативу сарбаландӣ, комёбиву комгорӣ, шодмониву шодкомӣ ва дар ҷодаи фаъолият парвози баланди эҷодиро таманно намуда, аз эҷодашон чанд намуна пешкаши муштариён мекунем.
РӮЗҲОИ МАН
- Бомуваффақияттарин рӯзи ман рӯзе мебошад, ки ба дастам китоби хуб расад ва бо одами хуб вохӯрам.
- Рӯзи фаромушнашавандаи ман рӯзест, ки бо лутфи Офаридгор ба дунё омадаам.
- Рӯзи тасаллобахштарини ман рӯзест, ки шодии атрофиён ва фарзандонамро бинам.
- Рӯзи пурмазмуни ман рӯзест, ки хатову норасоиҳоямро дарк кунам.
- Бадтарин рӯзи ман рӯзест, ки дар бораи фардо фикр накунам ва нақша надорам.
- Рӯзе, ки аз они ман нест, рӯзест, ки бо ақл ё роҳнамоии каси дигар роҳ меравам.
- Рӯзи сарватмандтарини ман рӯзест, ки китоби хондаам ба дилам таъсир мекунад ё ки бо як шахси дилнишин сӯҳбат мекунам.
- Рӯзи душвортарини ман ҳар рӯз аст. Рӯзи дар аросот будаам он рӯзест, ки ин озмоишҳоро намефаҳмам.
- Арзишмандтарин рӯзи ман рӯзест, ки бе шикоят ба ҳама чиз шукр мекунам. Зеро он ба ман тафаккур, имконият ва шавқу ҳавас медиҳад.
- Рӯзи дурахшони ман рӯзест, ки аз мероси ниёгон бархурдор мешавам ва аз устодон хабар мегирам.
- Бадтарин рӯзи ман рӯзест, ки бо одамони шӯҳратпараст ва миёнарав мегузаронам.
- Ғамангезтарин рӯзи ман рӯзест, ки аз дӯстдоштаам ҷудо мешавам, интизори оне ки будам, ёд кунам.
- Рӯзҳои дардноктарини ман рӯзҳое мебошанд, ки бо роҳбароне, ки фикрҳои худро дар як коғаз пурмазмун навишта наметавонанд, рӯзномаву китоб намехонанд, кор мекунам.
- Рӯзи оқилонаи ман рӯзест, ки вокуниши дигаронро медонам. Зеро вобаста ба ин муносибати худамро дигар мекунам.
- Бедортарин рӯзи ман рӯзест, ки ман бо фарзандон, наберагон ва шогирдонам сӯҳбат мекунам. Онҳо худро аз ман меҷӯянд ва ман худро аз онҳо меҷӯям.
- Ториктарин рӯзи ман рӯзест, ки маро касе ба ёд намеорад.
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Шаҳзод КЕНҶАЕВ.
Бар кулба ёр ояд
Қалбам шавад мунаввар, бар кулба ёр ояд,
Ҳар лаҳза, ҳар маҳал ман дар интизор, ояд.
Нозу нигоҳаш оташ, кибру ҳавояш оташ,
Як лахчаи дили ман гардад шарор, ояд.
Пазмониҳову зорӣ андар қудуми ӯ рехт,
Таскин биёбад ин дил, шинад хумор, ояд.
Оҳанги он шифоӣ, ё санъаташ ҳилоле,
Ҳар лафзи он навое, шуд дил дутор, ояд.
Ман мунтазир, чу омад, н-ояд ба гап забонам,
Созад хаёли манро девонавор, ояд.
Он ҳусни ёр, Фармон, дар сатр ҳам намоён,
Васлаш ба қалб ҳар он шеър ар қатор ояд.
ҲАМД
Эй Худо, ҳастӣ худат тақдирпаноҳ,
Соҳиби адлӣ, манам соҳибгуноҳ.
Дардкаш, ҳам меҳрубон танҳо туӣ,
Ҳоҷати шарҳ ин надорад ҳеҷ гоҳ.
Ҳазрати Инсон биёвардӣ падид,
Дар забон з-ин рӯ бувад шукри Илоҳ,
Саркашу шаккоку аҳли куфр ҳаст,
Дар амалҳошон бубинам иштибоҳ.
З-ин диёнатро намеёбанд ҳеҷ,
Охири кор умрашон гардад табоҳ,
Эй Худо, дар қалбу дар ҷонам туӣ,
Гирди ту гарданда хуршед асту моҳ.
Ҳар кӣ худрову имон-ш аз ёд бурд,
Бо аросатҳо шавад рӯзаш сиёҳ.
Тавбаҳо созам, манам аҳли қусур,
Қалбу танро сӯзад он оташнигоҳ.
Эй Худо, танҳо худат бахшо мадад,
Рӯ ба рӯ бо ман макун норост роҳ.
Раҳзанӣ шайтон насозад заррае,
Фикри ман бо ёди ту бошад салоҳ.
Ҷуз ту дар олам намеёбам ҳабиб,
Ҳамнишинон баҳри ман канданд чоҳ.
Доимо, Фармон, ба Аллоҳ такя кун,
Таҳти амри ӯ замин, обу гиёҳ.
Тахмис бар ғазали Алишер Навоӣ
Ҷаҳонам, бароят ҷаҳонам фидо,
Нагӯям, вале нурфишонам фидо,
Ба пеши қадамҳот онам фидо,
Ба чашмат тани нотавонам фидо,
Ба лаъли равонбахш ҷонам фидо.
Ҷамоҷил чу зулфи ту пазмони дил,
Набошад фидое дигар мисли дил,
Надорам қароре, на фикри ҷамил,
Ба ранги лабони ту хунам сабил,
Ба он ҷилваи қад равонам фидо.
Бисӯзонд ҳаҷрат маро хонумон,
Ҷунун гул бидонад агар хори он,
Надонад касе ғайри ту ин фиғон,
Рабуд он миёну даҳон ҷисму ҷон,
Варо ошкору ниҳонам фидо.
Дар он сирри ишқу ҳилоли ту ҳарф,
Муноҷоти ман бар малоли ту сарф,
Ки умрам ба он қилу қоли ту сарф,
Ҳама лаълу гавҳар барои ту сарф,
Чӣ гӯям, ба ту баҳру конам фидо.
Биарзад, ба лутфат шавад садқа ҷон,
Умеди ман аст интизори ҳар он,
Нигаҳ садқаи нурфишон шамъи он,
Ҷунун, ақли ман садқаи он ғамон,
Ба назди ту неку бадонам фидо.
Ба дил гар фитад ишқ якборагӣ,
Ба саҳни дил он шева сайёрагӣ,
Надонад ин эҳсос айёрагӣ,
Ба дашти фано хун ба оворагӣ,
Ба ин сайр ҳам хонумонам фидо.
Кунад ишқ девона боёнро,
Ҳам устозу муштоқ Фармонро,
Саморо намояд пур он аз вафо,
Чу дил аз Навоӣ ту бурдӣ, хушо,
Ва ҷон созам, эй дилситонам, фидо.
Аз ӯзбекӣ тарҷимаи
Фозил ШУКУРЗОД.
