Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар саросари кишвар корҳо оид ба бунёди боғу гулгаштҳо муташаккилона идома доранд. Ба ин кори хайру савоб аҳли қалами Самарқанд низ саҳм гузоштанд.
4‑уми апрели соли равон намояндагони расонаҳои ахбор, кормандони рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар деҳаи хушҳавои Оҳалик, дар ҳудуди минтақаи сайёҳӣ-рекреатсионии «Оҳалик-Оқбӯйро-Миронқул» барои бунёди «Боғи журналистон» камари ҳиммат бастанд. Онҳо дар боғи нав беш аз 300 бех ниҳоли дарахтони сояафкану манзаравӣ ва мевадор шинонданд.
Дар чорабинӣ ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, самуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, шоиру нависандагон, журналистон, блогерҳо ва фаъолони вилоят иштирок карданд.
— Имрӯзҳо дар саросари кишварамон дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» чорабиниҳои ниҳолшинонӣ идома доранд, — гуфт сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров. — Барои ҳисса гузоштан дар ин кори хайр ташаббуси моро ҳокимияти ноҳияи Самарканд дастгирӣ карда, аз канори кӯҳсори деҳаи Оҳалик ҷой доданд. То ҳол дар ин ҷо Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилоят ва ҳокимияти ноҳияи Самарқанд боғ ташкил кардаанд ва акнун ин мавзеъ бо боғи эҷодкорони вилоятамон боз ҳам васеъ гардид.
— Дар урфият «аз нек-боғ мемонад» мегӯянд, — илова кард Баҳодур Раҳмонов. — Имрӯз шоиру нависандагон, журналистон ҷамъ омада, дар канори кӯҳистон боғи журналистонро ташкил кардем. Минбаъд эҷодкорон метавонанд ба ин маскан омада, баробари нигоҳубини ниҳолҳо, истироҳат намоянд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
