Яке аз мушкилоти ҷамъиятӣ, ки имрӯзҳо бисёриҳоро ба хавотир мегузорад, никоҳи бармаҳали духтарон ва беэътиноии волидайн нисбати ин масъала мебошад. Мутаассифона, новобаста аз анҷом додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар бораи оқибатҳои манфии никоҳи барвақтӣ бо воситаи телевизиону сомонаҳои иҷтимоӣ, ин ҳолат меафзояд. Ва бархӯрди манфиатҳо, тазйиқи падару модар, майли худи ҷавонон ба оиладоршавӣ аз омилҳои муҳими никоҳи бармаҳал ба шумор мераванд. Мо дар мавриди оқибатҳои нохуши никоҳи барвақт ва таъсири он ба саломатии модару кӯдак бо доктори фан, профессори шӯъбаи гинекологии клиникаи рақами якуми назди Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд Дилдора Худоёрова сӯҳбат оростем.
— Никоҳи бармаҳал чӣ хел муаммоҳоро ба миён меорад?
— Гоҳо пеш аз никоҳ духтароне барои санҷиши тиббӣ меоянд, ки ҳатто синни шонздаҳро пур накардаанд. Яъне дар синне мебошанд, ки барои оиладор шудан, нигоҳубини кӯдак омода нестанд. Онҳо бо кори рӯзгор шуда фарзандро фаромӯш мекунанду бо кӯдаки худ овора шуда кори зиндагиро. Дар натиҷа норозигии хусуру хушдоман ба миён меояд. Аз шавҳар гап мефаҳманд. Оташин мешаванд. Низои оилавӣ сар мезанад. Ё дар натиҷаи кори зиёд ва мушкилиҳои парвариши кӯдак нағз хоб намекунанд. Ба қавле организм аз хоб сер намешавад. Ин бошад заминаи бемориҳои дигар мегардад. Агар ҳозир аз ҷои «нағз» хостгор ояд, падару модарон ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, духтарашонро медиҳанд. Барои аксар волидон синну сол, саломатӣ, вазъи психологиву физиологӣ, омодагии духтар ба ҳаёти оилавӣ аҳамият надорад. Баъзан ҷавондухтарони мо тарзи дурусти тановули ғизои солимро намедонанд ва ё донанд ҳам риоя намекунанд. Шириниву нӯшокиҳои газдорро бисёр истеъмол мекунанд ва дар натиҷа кӯдаки батни онҳо аз меъёр калон шуда, вақти таваллуд саломатии модару кӯдак зери хатар мемонад. Дар бисёр ҳолат шавҳар ҳам хеле ҷавон мешавад ва масъулияти оиладориро намедонад. Яъне вақти ҳомиладории ҳамсар ба ӯ эътибор дода, ғамхорӣ карда наметавонад.
— Гуфтед, ки саломатии модару кӯдакро зери хатар мегузорад. Яъне чӣ хел хатарҳо?
— Организми духтароне, ки барвақт шавҳар мекунанд, барои таваллуди кӯдак пурра омода нест. Аз ин рӯ, дар аксар ҳолат онҳо бо амалиёти ҷарроҳӣ таваллуд мекунанд. Мо чораҷӯӣ мекунем то худи модар таваллуд кунад, вале вазъи саломатии онҳо ҷарроҳиро тақозо менамояд. Дар натиҷа, дар онҳо эҳтимоли гирифторӣ ба касалиҳои онкологӣ меафзояд. Аз ин рӯ, мо доим ба ҷавондухтарон маслиҳат медиҳем, ки аз никоҳи барвақт худдорӣ кунанд. Ҳамчун гинеколог гуфта метавонам, ки барои никоҳ синни хурдтарин ҳаждаҳ ва синни беҳтарин 21—22 мебошад. Чунки дар ин синну сол организми онҳо барои никоҳ комилан омода гардида, аллакай ба ҳаёт бо нигоҳи дигар менигаранд, аз асрори оиладорӣ огоҳ мешаванд, хулоса, аз ҷиҳати маънавӣ омода мегарданд.
— Никоҳи бармаҳал ба саломатии кӯдакон чӣ хел таъсир мерасонад?
— Аз модари солим фарзанди солим ба дунё меояд. Яъне, агар модар сиҳат бошад, кӯдак ҳам солиму бенуқсон таваллуд мешавад. Имрӯз дар аксари модарони ҷавон камхунӣ мушоҳида мешавад, ки сабаби асосии ин, тановул накардани ғизои солим мебошад. Вақте дар ҳолати камхунӣ ҳомила мегарданд, дар бача ҳам касалии анемия пайдо мешавад. Ё норасоии ёдро гирем, ки ин ҳама ба саломатии кӯдак бетаъсир намемонад. Ҳозир бисёр кӯдакон аз модар бо иллати дил таваллуд шуда истодаанд, ки ин ҳам натиҷаи беэътибории волидон ба ҳомиладорӣ аст. Агар модар ҳангоми ҳомиладорӣ мунтазам аз санҷишҳои тиббӣ гузарад, дар навзодҳо чунин бемориҳо камтар мушоҳида мешаванд.
— Барои пешгирии чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард?
— Пеш аз ҳама, ҳар як инсон ба саломатии худ бояд боэътибор бошад. Инчунин, дар поликлиникаҳо кушодани ӯтоқҳои гинекологияи бачагона ба фоидаи кор мебошад. Ғайр аз ин, аз падару модарон хоҳиш мекунем, ки духтарони худро бармаҳал ба шавҳар надиҳанд. Аз пайи манфиат шуда, ояндаи дилбандони худро зери хатар нагузоранд. Ҳамзамон, санҷиши тиббии пеш аз никоҳ низ аҳамияти муҳим дорад, ки ҳоло аксар ҷавонон ба ин беэътиборанд. Пеш аз барпо кардани оила ҳатман аз назорати тиббӣ гузаранд.
Ҳоло аксар духтарони мо пеш аз тӯй ба курсҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ рафта касбу кор меомӯзанд. Албатта ин хуб аст. Аммо ки пухтупазро омӯхтан маънои ба ҳаёти оилавӣ омода шуданро надорад. Духтаракони мо бояд бештар китоб хонанд. Маънавияти худро ташаккул диҳанд. Дар бораи оиладорӣ бештар мутолиа кунанд. Танҳо дар ҳамин ҳол метавонанд оилаи хушбахт барпо карда, фарзандони солимро тарбия намоянд.
Мусоҳиб Парвонаи ҶИЯНБОЙ.
