Дар давраи зимистони соли равон аз ҳама бештар ноҳияҳои Пайариқ, Пастдарғам ва Ургут ба муаммоҳои қувваи барқ рӯ ба рӯ шуданд. 84 бригадаи таъмиргарон, аз ҷумла дар шаҳри Самарқанд 15 бригадаи зудамали бартарафсозии ҳодисаҳои нохуши электр амал кардаанд. Барои беҳтар гардондани вазъи таъминоти барқ, минбаъд дар ҳудуди вилоят трансформаторҳои камқувватро бо баландқувват иваз карда, сохтмони 3 зеристгоҳи навро ба нақша гирифтаанд, ки имкони захира кардани 351,2 MVt. энергияи электрикӣ пайдо мешавад.
Дар ин хусус, дар анҷумани матбуотие, ки бо иштироки саринженери филиали вилоятии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари» — «Шабакаҳои ҳудудии барқӣ» Элдор Мамасолиев баргузор гардид, маълумот дода шуд.
Саринженери филиал Э. Мамасолиев аз рӯйи пурсишҳои журналистон дар бораи телефонро набардоштани диспетчерҳо ҳангоми ба амал омадани садамаҳо ва қатъ гаштани қувваи барқ, сари вақт омада бартараф накардани ҳолатҳои садамавӣ аз ҷониби шахсони масъул, як хел набудани шиддати қувваи барқ, маҳдудиятҳои барқрасонӣ ва ғайра бо мисолҳо ҷавоб гардонд.
Бояд гуфт, ки дар миқёси вилоят ба 912 085 истеъмолчии қувваи барқ 142 зеристгоҳ, 13 212-то нуқтаҳои трансформаторӣ, 31349,8 километр хати барқгузаронӣ қувваи электр мерасонанд. Соли 2023 аз таъмири мукаммал 13 зеристгоҳ, 2 941,2 километр ноқилҳои барқгузаронӣ, 1 174 нуқтаҳои трансформаторӣ ва таъмири ҷории 129 адад зеристгоҳ, 7 012,8 километр хати барқӣ, 2 102 нуқтаҳои трансформаторӣ бароварда шудаанд. Инчунин, чандин адад трансформаторҳои камқувватро бо баландқувват иваз кардаанд. Бинобар ҳамин, таъминоти бештар аз 245 ҳазор нафар аҳолӣ беҳтар гардидааст.
Дар солҳои 2024—2030 дар филиали вилоятии Ҷамъяти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари» мувофиқи стратегияи «Тараққиёт_2030» дар ҳудуди вилоят азнавсозӣ ва реконструксияи 33 зеристгоҳ, 2 810 трансформатор ва 8 703,8 километр хатти барқрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар худи соли 2024 2 адад зеристгоҳ ва 244 пункти трансформаторӣ, 12 696-то сутунбетонҳои хатти барқ, 560,3 километр шабакаҳои нақли барқӣ нав карда мешаванд.
Б.ҶУМЪАЕВ
