Ovozi.uz

Иттиҳодия бо секторҳои хусусӣ ҳамкорӣ мекунад


Шерзод Қудратов, ҳокими ноҳияи Оқдарё дар анҷумани матбуотӣ, ки дар оғози пресс-тур дар ноҳия баргузор гардид, оиди дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни минтақа, аз ҷумла тадбиркорӣ, вазъияти зисти шаҳрвандон, шуғли аҳолӣ, ободонӣ ва ғайра амалӣ шудаанд, ба журналистон маълумот дод.
— Дар маҳаллаҳо тибқи тамоюли «Як маҳалла — як маҳсулот» оид ба парвариши маҳсулот ва дар ҷойҳои холӣ шинондани ниҳоли дарахтони мевадору ороишӣ, шаклдиҳӣ ва сафедкунии онҳо, шудгори боғҳо ва кишти зироатҳои сабзавот чорабиниҳо гузаронида мешавад, — гуфт Ш. Қудратов. — Бо ин корҳо чандин оилаҳои камбизоатро бо шуғл таъмин намуданием. Инчунин, дар қабулҳои сайёр муроҷиати сокинон оид ба масъалаҳои манзил, алимент, гирифтани замин барои кишоварзӣ ё соҳибкорӣ, кадастр, барқ, кумаки моддӣ баррасӣ гардида, ба ҳар яки онҳо масъулон таъин карда мешаванд.
Вай таъкид намуд, ки ҳоло барои бештар ҷалб кардани аҳолӣ ба тадбиркорӣ ҷавонон метавонанд аз фермерон барои истифода заминро ба иҷора гирифта, фаъолияти худро пеш баранд.
Дар поёни анҷумани матбуотӣ ходимони ВАО ба саволҳои худ ҷавобҳо гирифтанд.
Қисми дуюми пресс-тур бо роҳбаладии ҷонишини ҳокими ноҳия Чарос Ортиқова дар мавзӯи «Корҳо ҷиҳати расонидани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолӣ» гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ ба кормандони ВАО дар бораи фаъолияти иттиҳодияи тиббӣ, ислоҳоти дар солҳои охир амалигардида, равишҳои пешқадам дар раванди табобат маълумот дода шуд.
Баъд аз он рӯзноманигорон ба шӯъбаи қабул, реаниматсия, терапия, неврология, шӯъбаи бачагона ва поликлиникаи марказӣ рафта, бо шароити барои беморону духтурон фароҳамоварда шинос шуданд.
— Барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ҳоло утоқҳои реабилитатсия ҷудо карда шуда, беморони гурӯҳҳои якум ва дуюм, оилаҳои камбизоат аз санҷишҳои тиббӣ пурра гузаронида мешаванд ва бо доруҳои зарурии ройгон таъмин мегарданд, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи роҳбари иттиҳодияи тиббии ноҳия Ҳусан Ҳабибов. — Ҳоло барои овора накардани беморон иттиҳодия бо секторҳои хусусӣ ҳамкорӣ мекунад. Таъмин намудани муассисаамон бо дастгоҳҳои МСКТ ва МРТ барои ба манзилҳои дур нарафта, дар ҳамин ҷо шифо ёфтани онҳо мусоидат менамояд.