Ovozi.uz

Ба дӯконҳои онлайнӣ бовар мекунед?

Ҳоло дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо савдо ба тариқи онлайн ривоҷ ёфтааст. Аксарияти соҳибкорон барои фурӯши маҳсулоти худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, фейсбук, телеграм, инстаграм ва шабакаҳои ҷаҳонии Интернет дӯконҳои электронӣ кушода, хариду фурӯши маҳсулотро ба роҳ мондаанд.
Ин албатта, якчанд бартариҳои худро дорад. Масалан, соҳибкори дӯкондор метавонад кори худро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳам пеш бурда, даромади иловагӣ ба даст орад. Яъне, харидоронро на танҳо дар як минтақаи муайян, балки аз дигар ҳудудҳо ҳам пайдо намояд. Ғайр аз ин, шабу рӯз кори дӯкон пеш меравад. Инчунин, масъалаи вақт ҳам аҳамият дорад: харидор вақти қимати худро сарф накарда, дӯкон ба дӯкон давр назада, аз хона ба маҳсулоти дилхоҳ супориш медиҳад ва он саривақтӣ дастрас мегардад. Ин афзалиятҳои савдои онлайнӣ аст, аммо вақтҳои охир баъзе камбудиҳои ин самт низ ба гӯш мерасанд. Мо бо саволҳои «Оё шумо аз фаъолияти дӯконҳои онлайнӣ хабар доред? Аз чунин дӯконҳо маҳсулот харидаед? Фикри шумо дар бораи фаъолияти онҳо чӣ гуна аст?» ба чанд шаҳрванд муроҷиат кардем.
— То ҳол як бор аз дӯкони онлайнӣ харид кардам ва пушмаймон гардидам, — гуфт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Фарзона Исроилова. — Донишҷӯи курси аввал будам. Рӯзе дугонаам аз телефони худ либосеро нишон дод, ки хеле зебо ва арзон буд. Он ба ман маъқул шуд. Дугонаам роҳу равиши харидро омӯхт ва тавассути карта маблағро пардохт кардем. Рӯзи дигар либос дастрас шуд, аммо камбудӣ дошт. Ба забони халқ гӯем «брак» буд. Мо ба дӯкондорон занг зада, камбудиро гуфтем ва хостем либосро иваз кунанд. Аммо онҳо дархости моро рад карданд. Мо намедонистем ба куҷо ва чӣ тавр муроҷиат намоем? Баъд аз ин воқеа аҳд кардам, ки дигар аз дӯконҳои онлайнӣ харид намекунам.
— Рӯзе дар дӯкони онлайнии асбобу анҷоми рӯзгор хабари «Агар ду маҳсулот харед, маҳсулоти сеюм ройгон тақдим мегардад. Маҳсулоти заруриро интихоб намоед, пулашро пардохт кунед ва мо дар давоми як шабонарӯз онро ба шумо дастрас мекунем»-ро хондам, — гуфт сокини шаҳри Самарқанд Нигина Камолова. — Азбаски барои бозор рафтан вақт надоштам, аз ин паём хурсанд шудам ва зуд асбобҳои лозимаро интихоб намуда, маблағро пардохт кардам. Аз байн 2 ё 3 соат гузашта, хостам вориди гурӯҳи дӯкони онлайнӣ шавам, аммо онро пайдо карда натавонистам. Бисёр ҷустуҷӯ кардам, вале наёфтам. Аз байн ду рӯз гузашт, на аз харид дараке буду на гурӯҳро пайдо карда тавонистам. Фаҳмидам, ки маро фиреб додаанд. Баъд аз ҳамон воқеа дар дилам боварӣ нисбат ба дӯконҳои электронӣ намонд.
Дар урфият «биринҷ бе курмак намешавад» мегӯянд. Лекин вақтҳои охир чунин ҳолатҳои фиребгарӣ, аз картаи одамон гирифтани маблағи пулӣ ва монанди ин бисёр рӯй медиҳанд. Аммо бо ин наметавонем ҳамаи корбарони чунин дӯконҳои онлайниро фиребгар бигӯем. Дар байни онҳо дӯконҳое ҳастанд, ки мушкили халқро осон мекунанд. Ба ҳар ҳол дар чунин мавридҳо эҳтиёткор будан мувофиқи мақсад аст.

Шоҳиста НАВРӮЗОВА