Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дўстон.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Воқеан, ҳеҷ шодмониву шодкомие бартар аз дидори дӯстон нест. Бахусус, аз мулоқоту сӯҳбат бо ҳамсинфоне, ки тӯли солҳо муштоқи дидорашон ҳастед.
Чанд рӯз пеш мо ҳамсинфон, ки аз ин 52 сол муқаддам мактаби таълими умумии рақами 9-и шаҳри Самарқандро хатм карда будем, дидор дидем. Дуруст, ки дар тӯли беш аз ним асри гузашта бо ҳамдигар ва устодони арҷманд вохӯриҳои ёдмони зиёд оростем, ба тӯю маърака ва ҷашнҳои гуногуни оилавӣ ширкат варзидем, риштаҳои дӯстиву ҳамдилӣ мустаҳкам шуд, дидорбиниҳо кардем, аммо дар саҳни мактаби азизу гиромии худ, ки тӯли солҳо он ҷо таҳсил гирифта, дар кӯлбори умр аз он айём хотироти ширин бо худ дорем, ҷамъ омадан хурсандиву лаззати дигаре дошт.
Пеш аз ҳама, аз синфе, ки таҳсил гирифта будем, дидан кардем. Дар мизу курсиҳо нишаста, айёми мактабхониро ба ёд овардем. Сӯҳбат, ҳазлу мутоиба, мушоира, ёди воқеаҳои солҳои донишомӯзӣ нишастамонро шукӯҳ бахшид. Ҳамсинфон дар бораи лаҳзаҳои фаромӯшнопазир ҳарф мезаданд, аз дастовардҳои худ ҳикоя мекарданд.
Бону Рауфова дар бораи лаҳзаҳои беҳтарини айёми мактабхонӣ мегуфту Муаллими хизматнишондодаи Ӯзбекистон Маҳбуба Раҷабова ширинии дидори дӯстонро ёдовар менамуд. Фароғат Ҳалимова дар бораи хислатҳои ҳамидаи омӯзгорон, дӯстиву тифоқии ҳамсинфон ҳикоя мекарду олими иқтисодчӣ Илҳом Вафоев роҷеъ ба шароитҳои гузашта ва имрӯзаи таълиму тарбия сухан мегуфт.
Дар анҷом ба устодоне, ки моро таълиму тарбия додаанд, аз ҷумла омӯзгори фанни математика Озод Сайфиев, муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ Эркин Қосимов тӯҳфаҳо супорида, бо тиловати оятҳои қудсӣ ва ҳикмату ҳадисҳои муборак рӯҳи устодон ва ҳамсинфони даргузаштаи худро шод кардем.
Сипас, дар хонадони дӯстамон Шавкат Солеев ҷамъ омада, дар сари як пиёла чой сӯҳбати дӯстонаро идома додем. Ҳама дӯстон суханҳои саршори самимияти худро иброз намуда, шукргузории замони тинҷу осуда ва ин дамҳои ғаниматро мекарданд.
Шароф МАЪРУФӢ
Пас аз ним аср ҷамъ омаданд
