Гаппарати марзкаии Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти шӯроҳои минтақавӣ, бартараф намудани муаммо ва камбудиҳо корҳои омӯзишӣ анҷом медиҳанд.
Гурӯҳ таҳти сарварии ҷонишини раиси Шӯрои ҳизби сиёсӣ Ислом Ҳамроев бо ҳаёти ҳамфикрони вилояти Самарқанд аз наздик шинос шуданд. Корҳо оид ба иҷрои вазифаҳои барномавии ҳизб, дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳо аз назар гузаронида шуданд.
– Дар минтақаҳо пай бурдем, ки аъзоёни ҳизб ба мардум наздикии бештар пайдо карда, бобати татбиқи мақсадҳои барномавӣ чорабиниҳои судмандро анҷом медиҳанд, — гуфт Ислом Ҳамроев. – Масалан, дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Mega tekstil»-и ноҳияи Булунғур ташкилоти ибтидоии ҳизб таъсис ёфтааст, ки 52 узв дорад. Ғайр аз ин, дар ҶММ «Ҷомбой яшил чироқлари»-и ноҳияи Ҷомбой 68 нафар, дар филиали «Агробанк» дар ноҳияи Тайлоқ 37 нафар, дар шӯъбаи таълими мактабӣ ва томактабии ноҳияи Ургут 161 нафар, дар ҶММ «Agromir»-и ноҳияи Самарқанд зиёда аз 250 нафар, дар техникуми юридикии шаҳри Самарқанд ташкилоти ибтидоии ҳизб иборат аз 41 нафар узв ташкил гардидааст.
Дар рафти корҳои омӯзишӣ масъалаҳои пурзӯр кардани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, таҳкими захираи кадрҳо, роҳандозии сохтории пардохти ҳаққи узвият, афзунсозии дониши сиёсиву фаъолнокии аъзоёни партия ва дигар масъалаҳои устувор баррасӣ гардида, аз рӯи бартараф намудани баъзе камбудиҳо, ки роҳ дода шудаанд, таклифҳо пешниҳод гардид.
Фаъолияти Шӯрои вилоятии ҳизб дар самти интихоби кадрҳои роҳбари ботавриба ва номзадҳои депутатҳо, таъмини интизоми иҷро дар корбарӣ, ҳамкории самарабахш бо ташкилотҳои вилоят эътироф гардид.
Дар анҷом зарурияти ба таври васеъ оммавӣ намудани таҷрибаи Самарқанд дар фаъолияти ҳизбҳо таъкид гардид.
Хидмати матбуоти партия.
Таҷрибаи Самарқанд оммавӣ мегардад
