Ovozi.uz

СИНЕРГЕТИКА ДАР ОСОРИ МУТАФАККИРОНИ ШАРҚ

(Аввалаш дар шумораи гузашта)
Аҳмад ал-Фарғонӣ ва муаммои бесуботӣ дар ҷомеа
Дар байни олимони Осиёи Марказӣ, ки дар асрҳои миёна зиндагӣ кардаанд, хидмати ситорашинос, риёзидон ва ҷуғрофидони бузург Аҳмад ал Фарғонӣ дар тараққиёти илму фан, аз ҷумла, ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бемисл аст.
Асари асосии астрономии Ал-­Фарғонӣ «Китоби ҳаракатҳои осмонӣ ва илми умумии ситорашиносӣ» («Китоб ул-ҳаракат ис-самовия ва ҷавамиъ илм ин-нуҷум») баъд аз он, ки дар асри XII дар Аврупо ду маротиба ба лотинӣ ва дар асри XIII ба дигар забонҳои аврупоӣ тарҷума шуд, бо номи лотинии мутафаккир ба шакли «Alfraganus» дар тӯли якчанд аср дар Ғарб васеъ паҳн гардид. Асарҳои ӯ дар Аврупо шӯҳрати калон пайдо карданд. Ҳатто дар давоми чанд аср дар Аврупо ҳамчун китоби дарсӣ низ истифода шудааст. Аз садҳо рисолаи таълиф карда, ҳамагӣ ҳашт асари ин донишманд, имрӯз маълум буда, ҳамаи он ба астрономия марбут мебошад ва ҳеҷ яке аз онҳо ба забонҳои муосир тарҷума нашудааст. Ин бошад, дар назди олимони мо вазифа мегузорад, ки дар ин бобат тадқиқоти илмӣ гузаронанд.
Ҳарчанд осори Ал-­Фарғонӣ он қадар густурда ва ба қадри кофӣ таҳқиқ нашуда бошад ҳам, ихтироъҳои илмӣ, бозёфтҳо ва дидгоҳҳои фалсафии ӯ, ки то ба мо расидаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ то чӣ андоза донишманди энсиклопедӣ аст.
Асарҳое, ки ӯ ҳамчун олими бузурги соҳаи фалакиёт офаридааст, на танҳо барои мамлакатҳои Шарқ, балки дар Аврупо ҳам такягоҳи муҳими илмӣ ҳисоб меёфт. Аз ин лиҳоз, дар рушди илму фарҳанги даври Эҳёи Аврупо ва баъд аз он нақши муҳим бозид.
Ифодаи амалии тарзи ғайрихаттии тафаккур ва равиши синергетикиро дар кашфиёти маъруф ва машҳури «Миқёси Нил»-и ӯ — чен кардани сатҳи оби дарёи Нил низ дидан мумкин аст. Зеро, мутафаккир нахуст ба муаммо ҳаматарафа муносибат карда, дар асоси усулҳои ғайримуқаррарӣ роҳи ҳалли масъаларо ёфтааст. Хӯш, он чӣ гуна муаммо буд?
Вақте ки Ал-­Фарғонӣ дар Фустат (маркази таърихии Қоҳираи муосир) истиқомат мекард, аҳолӣ аз беадолатии андоз азоб мекашид ва барои ислоҳоти он чораҳо меҷуст. «Барои халқи Миср дарёи Нил дар тӯли чор ҳазор километр дарёи ҳаёту мамот ҳисоб меёфт. Ба туфайли Нил фақат шаш дарсади ҳудуди мамлакатро барои кишт ва рӯёндани ҳар гуна зироат истифода бурдан мумкин буд. Қисми боқимонда регзор буда, оби дарё ба он ҷо намерасид. Ҳамин шаш дарсади замини обӣ мардумро озуқа медод. Ҳоло ҳам ҳамин тавр аст. Аммо ҳамон вақт сатҳи оби Нил мунтазам набуд. Яъне, агар як сол сатҳи об боло равад, замини деҳқонони соҳил зери об мемонд ва зироатҳояшон нобуд мешуд. Ва баръакс, агар сатҳи об паст шавад, замини дур аз соҳил ба хушксолӣ дучор меомад. Бо вуҷуди ин, андозситонони давлатӣ дар ҳар ду маврид ҳам аз соҳибони замин андози якхеларо талаб мекарданд.
Ал-­Фарғонӣ ҳангоми мушоҳидаи доимии ҳаракати ситораҳо дар асоси тағйирёбии сатҳи дарёи Нил, вобаста ба дурӣ аз дарё, ҷадвали ҳосилнокии заминро тартиб дода, бо ҳамин тартиб низоми андозбандиро ба вуҷуд овард. Дастгоҳи «Миқёси Нил», ки олим онро дар яке аз ҷазираҳои дарёи Нил — «Бинӣ»-и Роуд сохтааст, дар Миср ба меъёри нави андоз асос гузошт. Метавон гуфт, ки Аҳмад ал-Фарғонӣ дар Миср ба офаридани меъёри адолат мушарраф шуд, ки он беш аз ҳазор сол давом кард. Мисриҳо барои ин бозёфт то ҳол дар назди симои мутафаккири бузурги мо сари таъзим фуруд меоваранд.
А.Т. Зуба дар бораи ҳамин гуна равандҳои мураккаби ҷомеа чунин изҳори назар кардааст: «Равиши синергетикӣ барои пешгӯии вазъият ретсептҳо ё дастурҳоро пешниҳод намекунад. Арзиши вай дар он аст, ки ҷамъиятро ҳамчун сохтори мураккаби худташкилкунанда нишон медиҳад. Он гоҳ мо метавонем дарк кунем, ки баъзе воқеиятҳо, ки ҳоло ночиз ба назар мерасанд, дар оянда таъсири бузург хоҳанд дошт». Хулоса кардан мумкин аст, ки аллакай дар ҳамон давр Аҳмад ал-Фарғонӣ тафаккури ғайрихаттӣ дошт ва дар мероси илмияш такяҳои синергетикӣ мавҷуд буданд. Сабаби он:
Аввалан, ал-­Фарғонӣ вобастагии ратсионалӣ ва мантиқии байни миқдори ғайриратсионалии андози гузошташударо муқаррар кардааст;
Дуюм, ӯ тавонист ҷомеаро аз беқарории динамикӣ, ки аз беадолатии андоз азоб мекашиданд, ба эътидол оварад. Агар ҷамъиятро чун як сохтори мураккабе, ки дар асоси методологияи синергетикии имрӯза асос ёфтааст, ба назар гирем, дар ҷомеаи он замон, чунон ки дар боло гуфтем, вазъияти бесуботӣ ба амал омадааст.
«Дар назарияҳои системаи динамикӣ, рафтори сохторҳои ғайрихаттӣ тавассути ҳолатҳои ба назар тасодуфӣ зоҳир мешавад. Зеро пайдоиши бесуботӣ ба шароиту параметрҳои ибтидоии ноустуворӣ таъсир мерасонад, яъне тағйироти хурд дар ибтидо боиси тағйирёбии қатъӣ дар сохтори динамикӣ мегардад. Дар баробари ин, дар Миср кашфи «Миқёси Нил» аз ҷониби Аҳмад ал-Фарғонӣ ва натиҷаҳои амалии он низ ҳамин гуна таъсир расонидааст;
Сеюм, Ал-­Фарғонӣ вазъиятро бодиққат омўхта, як низоми томро, ки дар асоси алоқаи мантиқӣ ба тафаккури ғайрихаттӣ асос ёфтааст, андозбандӣ намуда, вазифаи робитаи умумии байни аҳолӣ ва ҳукуматро иҷро менамуд. Зеро, «Эвристика дар фикрронии ғайрихаттӣ дараҷаи алоҳида дорад, яъне дар он на ҷуфтҳо ё гурўҳҳо, балки сохторҳои дараҷавии яклухти дуалистӣ кашф карда мешаванд».
Хулоса кардан мумкин аст, ки Аҳмад ал-Фарғонӣ ҳарчанд аз қонуният ва услубҳои пажӯҳишҳои илмии имрӯза, аз ҷумла синергетика хабар надошта бошад ҳам, аммо аз он ба таври ба худ хос истифода бурдааст ва соҳиби тафаккури ғайрихаттӣ будааст. Мо бояд чунин услуб ва мероси маънавии алломаро дар дигар соҳаҳои фан низ аз нуқтаи назари синергетика омӯзем, то кашфиёт ва ихтироъҳои нав дастрас шаванд.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа.

(Давом дорад).