Ovozi.uz

Чемпионати Осиё аз рӯйи намуди карате (WKF) сар шуд

Дар шаҳри Самарқанд аз рӯйи намуди карате (WKF)-и варзиш чемпионати Осиё идома дорад.
Дар доираи чемпионат нахуст бахшида ба тағйирот ва навигониҳо дар қоидаҳои ин намуди варзиш семинар ташкил гардид. Дар он навигариҳо фаҳмонида шуда, ба мутахассисоне, ки талаботи муқарраргардидаи меъёриро иҷро кардаанд, сертификати доварони тоифаи байналмилалӣ супорида шуд.
Дар чемпионати Осиё, ки дар байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон доир мегардад, аз кишварамон 350 нафар каратечиён, инчунин, аз давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Эрон ва Қирғизистон беш аз 800 нафар варзишгарон иштирок доранд.
– Семинаре, ки дар доираи мусобиқа баргузор гардид, аз шар ҷиҳат пусамар буд, — гуфт ҳамватани мо, реферии тоифаи байналмилалӣ Мирзоҳид Йӯлдошев. – 7 нафар намояндагони мо, ки дар семинар иштирок доштанд, сертификати доварони тоифаи байналмилалиро гирифтанд. Акнун онҳо метавонанд дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ доварӣ кунанд. Ин мусобиқа баробари варзиш, аз ҷиҳати туризм ҳам аҳамияти хоса дорад. Иштирокдорон дар вақти бекор аз масканҳои ҷолиби диққати Самарқанд дидан мекунанд.
– Мусобиқа дар сатҳи олӣ, мутобиқи талаботи байналмилалӣ ташкил гардидааст, — гуфт мураббии дастаи Қирғизистон Рисқелдӣ Маматхонов. – Дар ин мусобиқа аз кишвари мо 70 нафар иштирок доранд. Чемпионати Осиё пеш аз мусобиқаҳои қитъавӣ вазифаи хосаи санҷиширо иҷро мекунад. Дар ин ҷо низ чемпион гардидан осн нахоҳад буд.
Дар маросими кушодашавии чемпионати Осиё аз рӯйи намуди карате (WKF) ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов, раиси Федератсияи каратеи Осиёи Марказӣ Сарсенбай Абуллоев иштирок намуда, ба варзишгарон муваффақият таманно намуданд.