Ovozi.uz

Барои ҳаёти солим ва хушбахтона

Ба муносибати 9 май — Рӯзи хотира ва қадршиносӣ дар байни нурониҳо чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардид.
Ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов дар чорабинии навбатӣ, ки дар шаҳри Смарқанд ташкил карда шуд, иштирокчиёнро бо ид табрик кард. Инчунин, роҷеъ ба аҳамияти чорабинии тандурустии мазкур, ки кумитаи иттифоқи касабаи ходимони маданият, спорт ва сайёҳии вилоят ва Садорати вилоятии варзиш ташкил кардаанд, сухан гуфт. Аз ҷумла, ёдрас гардид, ки меҳр ва шуҷоате, ки бибову бибиҳои нуронӣ ба варзиш доранд, барои ҷавонон намунаи ибрат аст. Дар оғози чорабинӣ аввал нурониҳоро аз муоинаи тиббӣ гузарониданд. Сипас, иштирокчиён дар давидан ба масофаи 400 метр ба ба сабати баскетболӣ партофтани тӯб ва шоҳмоту шашка қувва озмуданд. Дар мусобиқаҳои мазкур, ки зери шиори «Барои ҳаёти солим ва хушбахтона» баргузор шуд, беш аз 100 нафар нурониҳо иштирок намуданд.