Имрӯз — рӯзи таъсисёбии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ 161 умин солгарди Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро ҷашн мегиранд. Имсол дар шаҳри Самарқанд чорабиниҳои гуногуни ҷумҳурӣ бахшида ба ин сана баргузор мешаванд.
Ин ҷамъият соли 1863 бо ташаббуси тоҷири швейтсарӣ Анри Дюнан таъсис ёфта, ҳоло 196 кишвари ҷаҳон таҳти рамзҳои Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар фаъолият мебаранд.
Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Ӯзбекистон соли 1925 ҳамчун узви баробарҳуқуқи Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар таъсис ёфтааст. Ҷамъият тибқи Оинномаи худ, аҳолиро барои амал кардан дар ҳолатҳои фавқулодда омода месозад ва асосҳои расонидани ёрии аввалро меомӯзонад. Инчунин, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат карда, ба одамони ниёзманд ёрии моддӣ, кумакҳои тиббиву моддӣ мерасонад, дар байни ҷавонон тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамояд, ҳуқуқҳои байналмилалии башардӯстиро талқин мекунад, барои пайвастани оилаҳое, ки дар натиҷаи ҳолатҳои гуногуни фавқулодда аз наздиконашон ҷудо шудаанд, мадад мерасонад.
Дар ҷамъияти вилоятии мо низ як қатор корҳо ба ҷо оварда мешаванд.
Дар 62 маҳалла ва мактабҳои минтақа, ки эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулодда бештар ба назар мерасад, машғулотҳои амалӣ гузаронида, гурӯҳҳои зудамал ташкил карда шуданд. Аз ҷумла, дар се соли охир ва то моҳи майи соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои Кӯксарой, Сайқал, Истиқбол, Мир Саид Барака, Ҳофизи Шерозии шаҳри Самарқанд, Истиқлол, Лалмикор, Алмазор, Ғӯбдин Амир Темури ноҳияи Булунғур, Гулободи ноҳияи Тайлоқ, Зарафшони ноҳияи Ҷомбой, Ҷавлони ноҳияи Каттақӯрғон, Кенагас, Чорчинори ноҳияи Ургут, Оҳалики ноҳияи Самарқанд ҷуйборҳо тоза ва гузаргоҳҳо кушода шуданд. Барои ҳимояи хонаҳои мардум девори монолитӣ сохта, ҷӯйборҳои бетонӣ ва қубурҳои обгузар гузоштанд. Ҷариҳо бо симтӯрҳои пӯлодин кашида шуданд, ки гаштугузори мардум бехавф гардад. Дар маҳаллаҳои Лалмикори ноҳияи Булунғур, Ҷавлони ноҳия Каттақӯғон, Кенагаси ноҳия Ургут чоҳҳои артезианӣ кофта, аҳолӣ бо оби нушиданӣ ва обёрӣ таъмин гардиданд. Ҳамаи ин мавзеъҳо бо таҷҳизоти зарурӣ барои истифода дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин карда шуданд.
Бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ ва кам кардани талафот дар маҳаллаҳои Кӯксарой, Сайқал, Истиқбол, Мир Саид Барака, Ҳофизи Шерозӣ ва ҳавлиҳои мактабҳои рақамҳои 12, 23, 45 и шаҳри Самарқанд ва маҳаллаи Гулободи ноҳияи Тайлоқ 1100 бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишотӣ шинонда шуданд.
Дар назди ташкилоти вилоятии ҷамъият 162 нафар ихтиёриён, ки қобилияти расонидани ёрии наҷотдиҳӣ ва ёрии тиббии аввалин дар ҳолатҳои фавқулодда доранд, тайёр карда шуданд.
Ба воситаи ташкилоти вилоятӣ ба 3350 нафар асосҳои расонидани ёрии аввалин омӯзонида шуд. 1115 нафари онҳо дар курсҳои такмили ихтисоси парасторони пиронсолон ва маъюбон таҳсил намуда, пас аз супурдани имтиҳонҳо шаҳодатнома гирифтанд.
Ба шаҳрвандони ниёзманд ва 2204 нафар одамоне, ки барои ёрии моддӣ муроҷиат карданд, таҳти ғамхории гурӯҳи «Хизматрасонии меҳр-шафқат»-и ташкилоти мо ба маблағи зиёда аз 839 миллиону 680 ҳазор сӯм пул, бастаҳои хӯрокворӣ ва таҷҳизоти рӯзгор дода шуданд.
Дар муассиса ва ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд дар доираи таблиғи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва барномаи «Муошират» дар мавзӯи «Таърих, ҳадаф ва вазифаҳои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» 24 семинар баргузор гардид. Дар ин семинарҳо 354 нафар иштирок карданд.
М.ОРИФОВА,
раиси вилоятии Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Ӯзбекистон
