Ovozi.uz

Идомаи анъанаҳои ҳунарӣ

Дар арзҳои дӯстӣ

Боиси хушнудист, ки солҳои охир муносибатҳои фарҳангии кишварҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва анъанаҳои беҳтарини ҳамкорӣ дар боби санъати театр низ яке аз чунин ҳодисаҳои фараҳбахш аст. Сафарҳои ҳунарии Театри драмаи мусиқии вилоят, Театри лӯхтаки вилояти Самарқанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин чорабиниҳои судманди фарҳангист, ки фазои маънавии кишварҳоро шукӯҳи тоза бахшида, робитаҳои маданиро устувор месозанд.
Аз ҷумла, рӯзҳои 16–23‑юми апрели соли ҷорӣ дар саҳнаи Театри лӯхтаки вилояти Самарқанд баргузор гардидани намоишҳои Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе яке аз ҳодисаҳои фараҳбахше мебошад, ки барои тасаввуроти комил пайдо намудан аз бозёфтҳои ҳунарии театрҳои номбурда, таҳкими дӯстӣ, тарбияи эстетикӣ заминаи асосист ва зарурияти чунин сафарҳои ҳунариро намоиш медиҳад.
Бино ба таҳлили дақиқи санъатшиноси маъруф, профессор Низом Нурҷонов театри анъанавӣ ва драмаи халқӣ мисли санъати ҳамноми халқҳои ҷаҳон дар заминаи эҷодиёти лафзии халқ, урфу одат, ҳунарҳо, иду маросим ва бозиҳои он тавлид ёфта, бо мурури замон мустақилият пайдо кардааст. «Намудҳои асосии театри анъанавӣ чунинанд: театри пантомима, театри суруду рақс, театри лӯхтак, театри халқии мусиқӣ ва театри масхарабозҳо. Драмаи халқӣ дар дохили се намуди охирин вуҷуд дошт («Драмаи халқии тоҷик», Душанбе, 1985, с. 4).
Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе соли 1985 таъсис ёфтааст ва яке аз театрҳои пешқадами ҳамсоякишвар аст. Дар намоишҳои театр, ки ба забони русӣ ва тоҷикӣ гузаронида мешаванд, беҳтарин бозёфтҳои бадеӣ ва эстетикии театр инъикос меёбанд. Асарҳои беҳтарини театр аз ҷумлаи «Офтобак, моҳтобак ва хурӯсак», «Саргузашти нахӯдак» (Ш. Қиёмов), «Хирадманд ва ҷавони накӯкор» (Ю. Нестеренко), «Табассуми масхарабоз» (Е. Чеповеский), «Ҳасанак алфасанак» (Н. Бақозода) ва дигарон аз ҷумлаи асарҳои машҳури театр мебошанд, ки таваҷҷӯҳи теъдоди зиёди тамошобинонро ба худ ҷалб намудаанд. Сафарҳои ҳунарии театри мазкур дар Германия, Эрон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гувоҳи маъруфияти ҳайати эҷодии он мебошад.
Қаблан театри мазкур ба Театри лӯхтаки вилояти Фарғона сафари эҷодӣ анҷом дод ва театрҳои лӯхтаки вилоятҳои Бухоро ва Самарқанд низ соли гузашта дар Душанбе барномаҳои ҳунарии худро пешкаш намуданд. Ба ин маънӣ, робитаҳои фарҳангии байни театрҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон то рафт қавитар мешавад.
Ин дафъа ҳайати Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи сайёри «Наврӯз»-ро ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам дар мактабҳои шаҳру ноҳияи Самарқанд ба маърази тамошо гузоштанд (таҳияи Изатулло Сафарзода, муаллиф Ҳотам Салимов). Ин намоишномаро, ки бо анъанаҳои мардумӣ — гӯштигирӣ, хурӯсҷанг, омода намудани сумалак, испанддуд бо суруду рақсҳои фаровон таҳия шудааст, тамошобинони ҷавон хеле гарм истиқбол гирифтанд. Ҳатто лаҳзаҳое буданд, ки бачаҳо ба саҳна баромада, ба бозии ҳунарпешагон ҳамроҳ шуда рақсиданд.
Роҳбари бадеии театр Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Бухориев, актёр ва барандаи соҳибистеъдод Ҳотам Салимов, маслиҳатгари намоишнома Наргис Розиқзода, муаллифи ороиши мусиқӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Талабшо Саидов, ҳунармандон — Сайфиддин Сатторов, Бобоҷон Сатторов, Тозагул Қаршиева, Нурия Наврӯзова, Гулнисо Саидалиева, Парвиз Самиев, Некбахт Бухориев, Шаҳзод Сафаров, Ҳилолбӣ Нурхонова ва дигарон дар таҳия ва рӯи саҳна гузоштани намоишномаи «Наврӯз» саҳми арзанда гузоштаанд.

Сафари ҳунарии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба Самарқанд бори дигар собит намуд, ки бархурдорӣ аз таҷрибаи эҷодӣ ва комёбиҳои ҳунарии театрҳои кишварҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои ғановати маънавӣ, робитаи дӯстию фарҳангӣ, тарбияи эстетикӣ ва ахлоқии тамошобини ҷавон натиҷаҳои судбахшро дорост. Зеро театр ифодагари арзишҳои маънавӣ аст ва махсусан имрӯз дар замони ҷаҳонишавии маданият, ҳифзи арзишҳо ва бузургдошти он беш аз пеш аҳамият касб менамояд. Умедворем, ки ин анъанаҳои ҳунарӣ тавассути сафарҳои эҷодӣ ва барномаҳои рангин боз ҳам идома меёбанд.

Баҳор ХУРРАМЗОД,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, доктори фалсафа оид ба фанҳои санъатшиносӣ