Дар чорроҳаҳои шаҳри Самарқанд чароғакҳои нав ба кор даромаданд. Ин чароғакҳо аз пешина чӣ фарқ ва афзалиятҳо доранд?
— Бо мақсади бартарфсозии тирбандӣ, фароҳам овардани, шароити хуб барои пиёдагард ва ронанда, чароғакҳои кӯҳна бо «чароғаки боақл» ва аппаратҳои идоракунӣ иваз карда мешавад, — гуфт роҳбари хизмати ахбори Садорати бехатарии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд Хуршед Сафаров. — Чароғакҳои нав истеҳсоли давлати Чин буда, ба талаби стандарти ҷаҳонӣ мувофиқат мекунад ва вақти ивазшавии ранги чароғакҳоро нишон медиҳад. Чароғак дорои имкониятҳои алоҳида буда, ҳар як хатсайри камераҳои назоратӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиётиро дар чорроҳаҳо ба тасвир мегирад. Асбобҳои чароғакҳо ба аппарати идоракунии камераҳои назоратӣ пайваст карда шуда, дар асоси маълумотҳои дар видеонавор сабтшуда, шумораи воситаҳои нақлиёти аз чорраҳа гузаштаро ҷамъ мекунад. Он дар асоси ҷараёни трафик ба таври худкор системаи амалиётии дастгоҳи чароғро ба танзим меорад. Инчунин, барои захираи қувваи электрикӣ дар аппарати идоракунӣ батареяҳо ҷойгир карда шудааст. Он дар ҳолати қатъи қувваи барқ дар давоми 5 соат имконияти бо барқ таъмин намудани асбобҳои чароғаки роҳро медиҳад. Аппарати идоракунии чароғакҳои мазкур ба маркази ситуатсионии Садорати корҳои дохилии вилоят пайваст карда шудааст. Вай имконият медиҳад, ки воситаҳои нақлиётиро назорат карда, барои бақайдгирии онҳо, рақамҳои давлатӣ, намуд, вақти ҳаракати онҳо маълумот гирад ва аз тарафи оператор дар асоси ҳаракат системаи кори чароғаки роҳро тағйир диҳад.
Н.БОБОАҲМАДОВ
