Варзиш
Дар тобеияти Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд аз 1266 муассисаи таълимӣ 1083_тоаш дар деҳот мавҷуд аст.
Ҳоло мувофиқи шароитҳои мавҷуда дар мактабҳо аз рӯйи 25 намуд маҳфилҳои варзишии гимнастикаи бадеӣ, бадминтон, баскетбол, бокс, воллейбол, тӯби дастӣ, дзюдо, варзиши сабук, гимнастика, тенниси рӯимизӣ, футбол, гӯштии озод, гӯштии юнониву румӣ, гӯштии миллӣ, ҳунарҳои ҷангии ӯзбекӣ, армрестлинг, каратэ, муайтай, футболи хурд, самбо, таэквандо (ИТФ, ТТФ, GTF), шоҳмот, шашка ва ғайра амал мекунанд. Ба ин гуна маҳфилҳои варзишӣ 3876 нафар омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва мураббиён роҳбарӣ менамоянд. Дар ин сексияҳои спортӣ 115.711 нафар талабагон, 42501 нафар духтарон иштирок мекунанд.
Мо дар байни варзишгарони мактабҳо мусобиқаҳои гуногуни спортӣ, аз қабили спартакиадаи «Ниҳолҳои умед», мусобиқаҳои варзишӣ барои гирифтани мукофоти вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ, «Ояндаи футболи мо дар дасти туст», «Гӯштӣ — ифтихори миллии мо», «Пойгаҳои шавқовар» ва ғайра ташкил менамоем.
Онҳо дар чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ, кубокҳо ва мусобиқаҳои Осиё ва ҷаҳон ширкат карда, дар давоми соли 2023, 88 медали тилло, 124 медали нуқра ва 241 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Боиси хурсандист, ки баъзе варзишгарони мо дар ҳайати дастаҳои асосии яккачини Ӯзбекистон иштирок карда, шарафи мамлакатамонро ҳимоя мекунанд. Масалан, аз рӯйи қаиқронии академикӣ 44 нафар аъзо ба дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ маҳсуб шаванд, 27 нафарашон дар ҳайати асосӣ ва 17 нафарашон ҳамчун варзишгарони захиравӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар бобати қаиқронии байдарка ва каноэ 39 нафар шомил бошанд, аз инҳо 28 нафарашон дар таркиби асосӣ дар мусобиқаҳо иштирок мекунанд. Дар шиноварии синхронӣ аз 29 нафар хонандагони мактабҳои вилоят 16 нафарашон дар таркиби асосӣ маҳорати варзишии худро нишон медиҳанд.
Умуман, дар соли 2024-ум 288 нафар донишомӯзони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба дастаҳои мунтахаби миллии варзишии Ӯзбекистон шомил шуданд, ки аз онҳо 146 нафарашон дар ҳайати асосӣ ва 142 нафар ҳамчун варзишгарони захиравӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дилшод АҲМЕДОВ,
мутахассиси шӯъбаи вилоятии Ҷамъияти варзиш ва тарбияи ҷисмонии «Ёшлик»-и Ӯзбекистон
