Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар доираи баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири бузурги халқи туркман — Махтумқулӣ Фироқӣ дар боғи ҳамноми шоир муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки Сайидои Насафӣ бузургтарин шоири асри XVII ва ибтидои асри ХVIII аст.
Ӯ аз худ осори баландмазмуну рангини фаровон мерос гузаштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти пурғановати мо ба ҳисоб мераванд.
Мероси адабии Сайидои Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъаҳо, асари тамсилии «Баҳориёт», «Шаҳрошӯб» иборат буда, 8500 байтро дар бар мегирад.
Куллиёти шоир бо ғазал оғоз шуда, қисми бештари маҷмуаро ташкил медиҳад ва шумораи он ба 550 мерасад.
Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон муҷассамаи Сайидои Насафӣ гузошта шуд
