Ovozi.uz

Чой — рамзи дӯстӣ, сулҳ ва фарҳанг

Чой яке аз растаниҳое ба шумор меравад, ки барои саломатӣ хеле муҳим аст. Ин растанӣ, ки таърихи 5 ҳазорсола дорад, имрӯз низ дар соҳаи тиб ва тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа мақоми хоссаи худро соҳиб аст. Чой барои халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ӯзбекистониён танҳо растаниву нӯшокии оддӣ набуда, дар таъриху фарҳанги ин халқҳо низ аҳамияти алоҳида касб намудааст.
19 уми декабри соли 2019 Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид таърихи тӯлонӣ ва аҳамияти фарҳангиву иқтисодии чойро дар миқёси ҷаҳон ба эътибор гирифта, 21 уми майро Рӯзи ҷаҳонии чой эълон кард. Рӯзи ҷаҳонии чой дар соли 2024 таҳти шиори «Меҳрубони ба бонувон дар миқёси ҷаҳон: аз кишти чой то ба пиёла рехтани он» гузаронида мешавад.
Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд низ ба муносибати рӯзи мазкур дар тарабхонаи «Буюк Самарқанд»-и маҷмӯаи сайёҳии Silk Road Samarkand дуюмин фестивали байналхалқии чойро баргузор намуд.
Фестивал, ки бо мақсади рушд ва оммавигардонии маданияти чойнӯшӣ дар Ӯзбекистон, тарғиби чойи асили Ӯзбекистон дар қаламрави кишвар ва мамлакатҳои ҷаҳон, намоиши маданияти чой ва чойнӯшӣ дар тамоми ҷаҳон ташкил гардид, таҳти шиори «Бо ДБТС чой нӯшеду лаззат баред» гузаронида шуд.
Дар доираи форум намоиши намунаҳои чой, китоб ва дигар маводи хитоӣ, барномаи консертии «Чойхонаи мусиқӣ», аксгузориш бо номи «Чой, Муҳаббат ва Сулҳ», викторинаи «Асрори чойро медонед?» ва ғайраҳо ҷой доштанд.
Ректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд Юсуф Абдуллоев сафири «Чой, маданият ва сулҳ» эълон гардида, ба ӯ дипломи махсус тақдим карда шуд.
Дар охири чорабинӣ устодони хориҷии донишгоҳ оид ба маданияти чой дар ватани худ маълумот доданд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ