Ovozi.uz

Масъулони хидматҳои ахборӣ таҷриба иваз менамоянд

Дар Самарқанд бо иштироки ходимони хидмати ахбори соҳаи Кумитаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи Самарқанд дар фаъолияти самараноки ходимони хидмати ахборӣ бо ҷомеа» семинари амалӣ доир гардид.

Иштирокдорони чорабиние, ки бо ҳамкории Кумитаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ, ҳокимияти вилояти Самарқанд, садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят гузаронида шуд, нахуст дар маросими кушодашавии маркази медиаи хидмати ахбори садорати осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ аҳамияти муҳими хидмати ахборӣ дар хабардор кардани аҳолӣ бо фаъолияти соҳаҳову шабакаҳои гуногун ва зарурати он барои ба роҳ мондани алоқаҳо бо аҳолӣ таъкид гардид. Қайд карда шуд, ки маҳз хидмати ахбории корхонаҳо барои қонеъ намудани талабе, ки аҳолӣ ба маълумот доранд ва барои баррасии холисонаи навгониҳои ҷамъият кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зикр гардид, ки маркази медиаи мазкур дар рушди ислоҳоти соҳаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ ва самаранокии он хидмати муносиб адо менамояд.

— Самарқанд имрӯзҳо дар ҳар соҳа таҷрибаҳои пешрафтаи худро тадбиқ менамояд, — гуфт роҳбари хидмати ахбории Кумитаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ, мушовири оид ба масъалаҳои сиёсати ахбории он Мафтуна Саидова. — Агар айнан масъалаи сиёсати ахбориро гирем, дар соҳаи мо низ бевосита ташкил гардидани хидмати ахборӣ ва ҷалби мутахассисони хоси он, самараи худро медиҳад. Барои ҳамин, мо дар тамоми ҷумҳурӣ таҷрибаи Самарқандро тарғиб менамоем.

Дар давоми семинар масъулини садоратҳои адлия, ахбор ва коммуникатсияҳои вилоят, мутасаддиёни воситаҳои ахбори оммавии бонуфузи вилоят оид ба гирифтан ва паҳн кардани ахбор, муносибат ба баромадҳои танқидӣ, тартиби додани баёнот дар мавзӯъҳои муҳим фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Ғ.ҲАСАНОВ