Ovozi.uz

Адиби нуктадону заҳматписанд буд…

Имрӯзҳо хешу пайвандон, шогирдону мухлисон 100‑солагии фарзанди фарзонаи Самарқанд, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1960), инсони хоксору ҳалим, серталабу сахтгир ва меҳрубону дилсӯз Болта Ортиқовро ҷашн мегиранд. Ин марди заковатманду заҳматкаш, умри бобаракоти хешро барои густариши адабиёт ва тарбияи навқаламон бахшидааст.
Дар як шаб
Охири солҳои 60‑уми садаи ХХ буд. Мо, се нафар ҳамсинфони қарину якдил, ки дар мактаби таълими умумии рақами 16‑уми ноҳияи Самарқанд таҳсил мегирифтем ва «тройка» тахаллус доштем, пас аз дарси тарбияи ҷисмонӣ вориди бинои мактаб мешудем, ки нигоҳам ба як хонандаи синфи боло афтод. Ӯ дар харак нишаста, саргарми мутолиа буд.
Он қиссаи «Гули садбарг»-и нависанда Болта Ортиқов буд, ки онро дар як шаб хонда, ба соҳибаш баргардондам.
Пас аз хатми мактаб майлу рағбати адабиёт маро ба факултаи филологияи тоҷик овард. Маҳз солҳои донишҷӯӣ дар қабулхонаи ҷамоатии рӯзномаи «Овози тоҷик» бо бисёр эҷодкорони самарқандӣ, аз ҷумла муаллифи қиссаи «Гули садбарг» Болта Ортиқов шинос шудам.
Қадами умедбахш
Устод Болта Ортиқов соли 1924 дар маҳаллаи Боғи майдони ноҳияи Самарқанд (ҳоло шаҳри Самарқанд) таваллуд шудааст. Қиблагоҳаш ба писари ягона Болта ном гузошт, ки устувор, қатъӣ ва буррозабон бошад. Инчунин, пайваста аз «Шоҳнома» қиссаҳои аҷибро нақл мекард, то фарзандаш далер, росткор, дилёб ва вафодор ба камол расад. Модараш низ доим афсонаҳо мегуфт. Шояд аз ҳамин сабаб, аз бачагӣ дар қалби Болта меҳру муҳаббат ба каломи бадеъ маъво гирифт.
Замоне, ки Болта Ортиқов ба майдони адабиёт қадам гузошт, халқи мо нав аз бори гарони ҷанги хонумонсӯзи фашистӣ озод шуда, бо рӯҳбаландии бемисл тамоми соҳаҳоро аз нав барқарор менамуд. Ӯ баробари саҳмгузорӣ дар бунёдкорӣ, гоҳ-гоҳ шеъру ҳикояҳо менавишт. Нахустин ҳикояи ӯ «Сӯхтор» ном дошт, ки бо таҳлилу таҳрири Пӯлод Толис дар маҷаллаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») интишор ёфт.
Эҷодкор баъди сӯҳбати рӯ ба рӯ бо Пӯлод Толис, ки дар таҳлилу таҳрир хеле пеш рафта буд, баъзе камбудиҳои хешро фаҳмид. Маслиҳатҳои дилсӯзонаи Пӯлод Толис ӯро ба адабиёт дилгарм кард.
Прототипҳои қаҳрамонони асарҳои ӯ аксар ҳамсолу атрофиёнаш буданд ва дар меҳвари навиштаҳои адиб ғояҳои муҳаббат ба Ватан, меҳнатдӯстӣ, ҷавонмардӣ, аҳду вафо ва дигар хислатҳои неки инсонӣ қарор доштанд.
Пӯлод Толис дар як анҷумани бонуфуз гуфта буд, ки «Модоме ки вазифаи мо — нависандагон тасвир кардани ҳаёт ва меҳнати халқ мебошад, пас дар ҳақиқат бояд дар байни омма гардем, дар деги ҳаёт биҷӯшем, ҳамдами ҳаёт ва ҳамнафаси халқ бошем. Танҳо дар ҳамон сурат асари бадеӣ ба дарди ҷамъият мехӯрад, ҳиссу дили хонандаро тасхир карда метавонад ва қаҳрамонони адабиёт аз китоб ба ҳаёт қадам мегузоранд».
Болта Ортиқов баъди хатми факултаи забон ва адабиёти Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд, чанд муддат дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзгорӣ кард ва баъд ба сифати мудири шӯъбаи маҷаллаи «Пионери Тоҷикистон», сипас хабарнигори рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба бисёр гӯшаву канори Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сафарҳои эҷодӣ карда, ғайр аз очерку мақолаҳо, асарҳои бадеӣ низ навишт.
Офаридаҳояш аз соли 1953 ба чоп расидаанд. Маҷмӯаҳои «Овози ҷавонон» (1954), «Ҷиянҳои қишлоқӣ» (1958), «Конфетҳо» (1962), «Духтарчаи нағз» (1965), «Себи орухур» (1966), «Мактуби сегӯша» (1971), «Ҳандалак» (1973), қиссаҳои машҳури «Таътил» (1959), «Полвон» (1964), «Гули садбарг» (1966), «Бачаҳои Лолазор» (1975), «Дурдонаҳои Зарафшон» (1980), «Доғи хун» (1982), «Дандони тило» (1982), «Достони Самарқанд» (1985), «Ҳирси одам» (1985), «Киштзор» (1987) ва ғайра аз он ҷумлаанд. Асарҳои мунтахаби якҷилдааш солҳои 1976 ва 1984 ба табъ расидаанд.
Вай аввал дар бораи ҳаёти бачагон бештар менавишт. Солҳои муаллимӣ руҳияти насли наврасро хуб омӯхт, ки қаҳрамонҳои асосии ӯ мактаб ва талабагон буданд. Далели фикри мо ҳикояҳои «Сӯхтор», «Мактуби таги бӯрё», «Сим», «Қаҳрамонӣ», «Бунафша», «Виҷдон», «Муҳаррири ҷавон», «Ҳандалак», қиссаҳои «Тобистон», «Полвон» ва ғайра мебошанд.
Нависанда дар асарҳояш ба муҳит, рафтору амалиётҳои бачагон аз назари онҳо, ҷаҳонбинии онҳо, гоҳо муғамбирона, гоҳе соддалавҳона менигарад. Дар натиҷаи чунин тарзи баён олами хосаи қаҳрамонони ҷавон, ки дар роҳи ҷустуҷӯйҳо мебошанд, бо маҳорати баланд, санъаткорона, табиӣ инъикоси бадеӣ ёфтаанд. Далели фикри мо қиссаи «Таътил» мебошад, ки муҳаррираш Пӯлод Толис буд ва бо маслиҳати ӯ асар куллан тағйир ёфта, психологияи қаҳрамонҳои асосӣ — Малла (номи аслиаш Шариф), Мардон, Хуррам ниҳоят хуб кушода дода шудааст. Ҳангоми мутолиа хонанда гӯё худро бо онҳо тасаввур мекунад, бо Малла ва Мардон бо парвариши чӯҷаҳо машғул мешавад.
Қаҳрамони қиссаи «Полвон» дар маркази ҷӯшу хурӯши ҳаёти мураккаби замони ҷанг тасвир шудааст, ки бешубҳа тарҷумаиҳолӣ аст. Полвон номи саги чӯпонӣ мебошад, ки посбони ҳушёри чорво буда, садоқатмандии ӯ бо маҳорати баланд тасвир гардидааст.
Адиб ба муҳит, рафтору амалиёти мардум аз назари қаҳрамони асосӣ — Носир менигарад, ки хонанда диди хоси бачагони солҳои ҷангро равшану возеҳ ҳис кардааст. Носир писараки мушоҳидакор, орзупарвар, табиатдӯст тасвир гардида, ҳатто ба хонандагони рус писанд омадааст ва китоби «Неугомонный Насыр» дар Маскав ду маротиба, бо теъдоди 100 ҳазор нусха чоп шудааст.
маслиҳати Улуғзода
Адиби маъруфи тоҷик устод Сотим Улуғзода як ҳафта меҳмони самарқандиён шуд ва ҳадафи ташрифи ӯ ҷамъоварии мавод доир ба маърифатпарвар А. Шакурӣ буд. Ба ӯ Болта Ортиқов роҳбалад шуд. Албатта ҳангоми саёҳату зиёрат байни онҳо сӯҳбати маҳрамона, ошкоро ба вуқӯъ мепайваст.
— Болтақул, ҳар ду Самарқанди қандмандро хеле тамошо кардем, — гуфт Сотим Улуғзода қабл аз бозгашт ба Душанбе. — Бовар кунед, ҳар як ваҷаби зодгоҳатон муқаддас ва барои адиби мушоҳидакор пур аз гавҳари ноёб аст. Дар ҳар қадам — як мавзӯъ. Афсӯс, баъди Ҳасан Ирфон доир ба ин шаҳри тамаддунофар ҳеҷ кас чизи ҷолиби диққат нанавишт. Романи Ҳасан Ирфон «Дар кулбаи косибон» оид ба касби шоҳибофӣ асту халос. Ман муҳаррири он китоб будам. Шояд ӯ саргарми фаъолияти тарҷумонӣ шуда, дар бораи зодгоҳаш дигар чизе нанавишт. Ба шумо маслиҳат ҳамин, ки дар бораи Самарқанд китоб нависед. Таҷриба доред. Фаромӯш накунед, ки обрӯю мавқеи нависандаро ҳеҷ гоҳ миқдори асар не, балки мавзӯъ, тарзи баён, ҷолиби диққат будани он муайян мекунад. Агар Шодон Ҳаниф, Фазлиддин Муҳаммадиев, Фотеҳ Ниёзӣ, Наримон Бақозода барин ҳамдиёрони шумо дар Самарқанд мебуданд, албатта дар ин мавзӯъ бисёр китобҳо навишта мешуд.
Баъди гусели меҳмони олиқадр Болта Ортиқов остин бар зада, барои навиштани асарҳо дар бораи шаҳри азизу мӯътабари худ камари ҳиммат баст.
Маҷмӯаи повесту ҳикояҳои ӯ бо номи «Достони Самарқанд» соли 1991 дар нашриёти «Адиб» рӯи чопро дид.
Қиссаи «Анҷири Боғи баланд» ба зодгоҳаш Работи Ғозиён бахшида шуд, ки нахуст дар рӯзномаи «Овози тоҷик», сипас дар Душанбе рӯи чопро дид. Дар нашриёти «Суғдиён» (Самарқанд) ба забони ӯзбекӣ нашр гардид, ки муҳаррир шодравон Ҷамол Сироҷиддинов буду мусаввираш раҳматӣ Даврон Сафозода. «Қисмати Арки Амир Темур» низ ба ду забон интишор ёфта, зуд маҳбубият пайдо кард.
Сӯҳбати нотамом
Дар арафаи 70‑солагии устод Болта Ортиқов буд. Нависанда Адаш Истад занг зада гилаомез гуфт, ки «Зоҳирҷон, шумо, ман, Маҳбуба Турсунова, Солеҳи Саид Мурод, Тошқул Азимзода, Мирсафо Камолӣ, Бахтиёри Ҷумъа, Ӯктами Иброҳим, Озод Ҳамидзода ва дигарон ба Болта Ортиқов даъвои шогирдӣ дорем. Пас чаро шумо — муҳаррири бахши тоҷикии телевизиони Самарқанд бо соҳибҷашн сӯҳбат ороста, пешкаши самарқандиён намекунед?»
Ин сухани Адаш Истад моро такон бахшиду рӯзи дигар бо Андрей ном наворбардори арманӣ меҳмони хонадони Болта Ортиқов шудем. Ӯ бо қадамҳои устувор, бозуҳои дамида, синаи фарох ба пешвозамон баромад. Андрей пичирросзанон аз ман пурсид, ки қаҳрамони мо варзишгар аст ё соҳиби касби дигар?
Ман пурсиши ӯро ба Болта Ортиқов тарҷума кардам.
— О, додар, аз қаламзанӣ не, каландзанӣ, соҳиби чунин ҷисму тан ҳастам, — бо завқ даст ба боло бардошт мусоҳиби мо. — Тарбияи ҷисмонӣ, деҳқонӣ, боғбонӣ асоси саломатӣ аст.
Баъд бо дархости Андрей устодро ба каландзанӣ, қайчӣ кардани гулбуттаҳо, ҳачча гузоштан ба дарахти анҷир ва дигар корҳо «маҷбур» кардем, ки тасвир боварибахш барояд.
Баъди чанд рӯз мусоҳиба пахш гардид ва рӯзе дар қабулхонаи ҷамоатии рӯзномаи «Овози тоҷик» дида ба дидор расид.
— Рафиқ Ҳасанзода, (устод ҳамеша ба шогирдон «рафиқ» ё «ҷӯра» гуфта муроҷиат мекарданд) — устод бо ҳисси шодмонӣ маро самимона ба оғӯш кашиданд, — ман муаллифи беш аз сӣ китоб ҳастам, вале рости гап, баъди барномаи телевизионӣ чунон машҳур шудам, ки ҳатто дар маҳалла аз ҳафтсола то ҳафтодсола ба ҷои салом мегӯянд, ки дирӯз шуморо тавассути «оинаи нилгун» дидем. Фаҳмидем, ки шумо китоб менависед, нависанда ҳастед…
— Устод, мо ҳамеша дар хизмати шумо, — гуфтам ва ваъда додам, ки боз ягон рӯзи дигар рафта, барномаи навбатиро омода мекунем.
— Не-не, — инкорона сар ҷунбонданд устод. — Баъд аз дасти мардуми кунҷкову ҳангоматалаб ҷойи гурез намеёбем… Беҳтараш, дар 80 солагӣ боз меҳмони телевизиони Самарқанд мешавем…
Афсӯс, ки умр вафо накард ва устод дар синни 76‑солагӣ чашм аз олами ҳастӣ пӯшиданд…
Писар к-ӯ чун падар бошад…
Баъди вафоти устод низ ҳар замон меҳмони хонадонашон мешудем. Раҳматӣ ҳамсарашон Мубарро Қодирова зани кушодачеҳра ва меҳмоннавоз буданд, ки ҳатман то эҷодхонаи устод роҳбалад гардида, дар як дам дастархон меоростанд ва зуд таоми хушхӯр — палав пухта назди шогирдон мегузоштанд. Писари устод Алишер низ вориси арзандаи волидон аст, ки анъанаҳои гузаштагонро пос медорад.
Чанде пеш Алишер занг зад ва баъди ҳолпурсӣ сари мақсад омад:
— Якуми июн зодрӯзи қиблагоҳам. Ба ҳамин муносибат мехоҳам ёру дӯстон, хешу пайвандон ва шогирдони падарамро даъват намуда, рӯҳи қиблагоҳро шод кунам.
Алишер чун падараш шахси дорои маданияти баланд, поктинат ва нексиришт асту барои шод гардидани рӯҳи поки қиблагоҳ мекӯшад. Аз ин ташаббуси ӯ мамнун шудам.
Умед аст, дар ҷашни зодрӯз дар атрофи як пиёла чой сӯҳбати дилнишину гуворо доир ба устод Болта Ортиқов ҷараён гирифта, хизматҳои шоёни ӯ барои адабиёт бори дигар ёд хоҳад шуд.
— Камина аз солҳои донишҷӯӣ бо устод Болта Ортиқов сӯҳбатҳои тӯлонӣ, дилнишин ва гуворо доштем, — барафзуд адиби номдор Адаш Истад. — Ҳар як навиштаи шогирдонро бо диққат хонда, барои беҳшавии он маслиҳатҳои муфид медоданд. Дар қиссаи «Гули садбарг» нависанда аз як ҷавони шӯху бебок, эркаи очаро, ки раҳгум зада, ба ҷинояткорон шарик мешавад, ба тадқиқ гирифтааст ва ӯ бо кӯмаки одамони нексиришт ба шахси ҳалиму меҳрубон, меҳнаткаш табдил медиҳад. Шояд аз ҳамин сабаб повести мазкур диққату эътибори адибону мунаққидонро ба худ кашид. Ба ғайр равон, оммафаҳм будани забон, муайян будани характеристикаи қаҳрамонҳо, мустаҳкам будани риштаи сужет, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муаллим ба худ ва эҷодиёт бо нуқтаи назари танқид менигаристанд ва такрор ба такрор аз рӯнавис кардан дилгир намешуданд. Ана барои чӣ образҳои қаҳрамонҳои асосӣ — Амон, Шарифча, чойхоначӣ Ҳасанамак, Латофат ва ғайра табиӣ баромадаанд.
— Он солҳо дар мактаби зодгоҳ муаллима будам, — хотироти худро нақл кард нависанда Маҳбуба Турсунова. — Дар хона будам, ки ногаҳ талабае омада хабар дод, ки ду нафар «комиссия» омадаасту зуд ба мактаб равам. Саросема ба утоқи кории сарвари мактаб ворид шавам, Болта Ортиқов ва дӯсти наздикашон Фазлиддин Муҳаммадиев чой нӯшида нишастаанд.
— Мо ба ҷустуҷӯи шумо омадем, — якбора ба мақсад гузаштанд Болта Ортиқов. — Фазлиддин хостанд тавассути навиштаҳоятон не, рӯ ба рӯ шинос шаванд.
Албатта, дар назди ду нафар абармарди адабиёти муосири тоҷик нишастан ва чизе гуфтан ҳаяҷонбахш буд.
— Ҳаҷвияҳои шумо намакин, — аз ситоиш оғоз карданд Фазлиддин Муҳаммадиев. — Таклифи ман, гиреҳҳои ресмонбанди пойҳоро кушода, ба Душанбе равед, меҳмони идораҳои маҷаллаҳои «Хорпуштак», «Садои Шарқ» ва дигарон рӯзномаҳо шавед, бо аҳли қалам аз наздик шинос шудан лозим.
— Маҳбуба, ҳаҷвнависиро ман аз Фазлиддин омӯхтам, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуданд Болта Ортиқов, — назария дигару амалия дигар. Сонӣ, дари хонаи ман ҳамеша боз аст.
Аз лутфи ҳар ду нависандагони бузург рӯҳбаланд гардидам.
— Мо бо устод Болта Ортиқов ҳамдеҳа ҳастем, — гуфт Тошқул Азимзода. — Шояд аз ҳамин сабаб зарурате пеш ояд маро даъват мекарданд ё ки ман барои навиштаҳои худро аз назари устод гузарондан ба хонаашон мерафтам.
Муаллим дар хотири ман чун нависандаи меҳнатқарин мондаанд. Китобҳои навиштаашон далели ин гуфтаҳост. Боварӣ дорам, ҷомеа дар оянда чунин эҷодкорони заҳматписандро бештар қадр мекунад. Имрӯзҳо устодро бо некӣ ёд мекунем.
Хуллас, муҳити адабии Самарқанд, адабиёти тоҷикро, бе номи устод Болта Ортиқов тасаввур кардан мумкин нест.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.