Ovozi.uz

Ба аҳолӣ 887 намуд хидматҳои давлатӣ мерасонанд


Дар Садорати адлияи вилояти Самарқанд бо иштироки ҷонишини вазири адлия Х. Мелиев ва намояндагони идораҳои ваколатдоре, ки хидматҳои давлатӣ мерасонанд, семинар баргузор шуд.
Дар он таъкид гардид, ки имрӯзҳо барои нишон додани хидматҳои давлатие, ки ба Реестри ягонаи Хидматҳои давлатӣ дароварда шудаанд, аз ҷониби 97 идораи ваколатдор 887 намуди хидматҳои давлатӣ нишон дода мешавад. Аз ин ба воситаи портали Хидматҳои давлатии интерактивии ягона 628 то, аз ҷониби марказҳои хидматҳои давлатӣ бевосита 356 намуди хидматҳои давлатӣ расонида мешаванд.
— Дар вилоят 16 маркази хидматҳои давлатӣ дар чоряки аввали соли ҷорӣ 379 ҳазор 242 то хидмати давлатӣ нишон додаанд, — гуфт Х. Мелиев. — Дар расонидани хидматҳои давлатӣ аз ҷониби органҳои ваколатдор баробари бурдбориҳо, ба хатову камбудиҳо низ роҳ дода шудааст. Хусусан, дар муддати гузашта 30 ҳазору 158 ҳолати қонуншиканӣ муайян гардидааст. Барои мисол, оид ба хидмати иваз, насб ва тамғагузорӣ кардани ҳисобкунаки об 19006 ариза омада, аз ин 3219 тоаш дар вақташ дида нашудаанд, 98 аризаи дигар бошад, бесабаб рад гардидаанд.
Таъкид намуданд, ки роҷеъ ба ин ҳолатҳо ба номи роҳбарони идораҳои ваколатдор 31 тақдимнома ва 649 огоҳинома фиристода шудааст. Инчунин, нисбат ба 201 нафар шахси айбдор ҷаримаи маъмурӣ дида, 11 нафар ходимро ба ҷавобгарии интизомӣ кашидаанд.
Дар семинар масъалаи хатоҳое, ки аз тарафи ходимони муассисаҳои тиббӣ дар қайд кардани таваллудҳо содир шудаанд, мавриди муҳокима қарор гирифт.