Қарори Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои вобаста ба вусъат додани фарогирии истироҳати кӯдакон дар истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ» қабул шуд.
Мувофиқи он бо ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ лоиҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд дар заминаи истироҳатгоҳҳои таъиншудаи статсионерии солимгардонии кӯдакон тавассути механизмҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
як қисми биноҳои бошишгоҳ ва участкаҳои заминро ба шарикон ба мӯҳлати то 15 сол ба иҷора дода шавад, ба шарте ки онҳо дар як қисми ҳудуди истироҳатгоҳ биноҳои нав созанд ё биноҳои мавҷударо таъмиру тармим кунанд;
бо шарти дар худуди истироҳатгоҳ сохтани биноҳои нав ё таъмиру таҷҳизонидани биноҳои мавҷудаи истироҳатгоҳ ва қитъаҳои заминро ба шарикон барои истифода берун аз мавсими тобистон то 10 сол ба иҷора дода шавад;
дар ҳудуди истироҳатгоҳ сохтани биноҳои нав ё таъмиру таҷҳизонидани биноҳои мавҷуда, инчунин ба шарикон ба мӯҳлати то 10 сол ба иҷора додани биноҳои истироҳатгоҳ ва қитъаҳои замин бо шарти дар мавсими тобистон барпо намудани истироҳати кӯдакон дода шавад;
Лоиҳаҳои ҳамкориҳои зикргардида ба шарикон тавассути платформаи савдои электронии «Ауксиони электронӣ» дар асоси шартҳои аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон таҳияшуда пешниҳод карда мешаванд.
Инчунин, ба васитаи берун аз мавсим ба шарикон ба иҷора додани биною қитъаҳои истироҳатгоҳҳо онҳо ба системаи худмаблағгузорӣ гузаронда мешаванд.
Барои сохтани истироҳатгоҳҳои бачагона тартиби ҷудо кардани қитъаҳои замин эълон карда шуд
