Ovozi.uz

Ватани кӯдакони хушбахт

Кӯдакон сарчашмаи хушбахтии ҳар оилаву ояндаи кишваранд. Маҳз ба ҳамин хотир, кӯдакони Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон таҳти дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев қарор доранд ва ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Cоли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1‑уми июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.
Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан, соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва ӯҳдадориҳои ҳамаи давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат ӯҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон сабт гардидаанд. Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Ногуфта намонад, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон парчами худашро дорад.
Дар пасманзари сабз, ки рамзи рушд, ҳамоҳангӣ, тароват ва ҳосилхезиро нишон медиҳад, дар атрофи аломати Замин шаклҳои услубии сурх, зард, кабуд, сафед ва сиёҳ ҷойгир карда шудааст.
Рамзи Замин, ки дар марказ гузошта шудааст, аз хонаи умумии одамон дарак медиҳад. Ин шаҳодати он аст, ки одамон дар рӯи Замин дар фазои сулҳу субот ҳаёти осоишта ба сар бурда, фарзандони солимро барои ояндаи халқ дар рӯи ҷаҳон тарбия намоянд.
Боиси таъкид аст, ки кӯдакони Ӯзбекистон имрӯз воқеан ҳаёти рангини хушбахтона доранд. Зеро амният ва осоиштагии давлат шарти аввалини хушбахтии кӯдакон аст.
Инчунин, дар кишвари мо, ба таълиму тарбияи кӯдакон, парвариши беҳтарин дар рӯҳи инсондӯстӣ, башарпарварӣ, дӯст доштани Ватан, китоб ва дониш эътибори алоҳида дода мешавад.
Бояд гуфт, ки кӯдакон хазинаи ояндабахши фардои зиндагӣ ва Ӯзбекистони соҳибистиқлоламон ҳастанд. Умед дорем, ки фарзандони мо аз имконоти фароҳамшуда босамар истифода бурда, хубу аъло мехонанд, соҳиби ахлоқи намунавӣ мешаванд. Дар оянда ҳамчун шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос, худогоҳ ва ворисони арзанда ба камол расида, Ватани азизи худро дӯст медоранд. Бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ӯзбекистон саҳм мегузоранд.

Акмал ҒУЛОМОВ,
корманди шӯъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ.