Ovozi.uz

Дар озмуни “Журналисти фаъолтарини Самарқанд” иштирок кунед!

Ҳокимияти вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят озмуни “Журналисти фаъолтарини Самарқанд”-ро эълон мекунад.
Озмун дар самтҳои телевизион, радио, нашрҳои интернетӣ, чопӣ, фотожурналистика ва хидмати ахборе, ки бо воситаҳои ахбории оммавӣ ҳамкории фаъол намудааст, гузаронида мешавад.
Талаботи озмун чунинанд:
– инъикоси корҳои созандагие, ки дар вилоят амалӣ мегарданд, инчунин, равандҳои бо барномаи сол вобаста;
– нигоҳи амиқ, таҳлили воқеӣ, кӯшиш барои бедор кардани фикри ҷамоатӣ дар мавзӯи баррасишаванда;
– офаридани чеҳраи ҳамзамононе, ки дар роҳи манфиатҳои Ватан, халқ ва ҷамъият фидокорона меҳнат мекунанд;
Барои озмун фиристодани ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
– нусхаи шиносномаи муаллиф;
– маълумотнома дар бораи муаллиф ва фаъолияти касбии ӯ (объективка);
– тавсияномаи роҳбари воситаи ахбори оммавӣ дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва иҷтимоии муаллиф;
– суроға ва рақами мобилии муаллиф;
– бастаи файли корҳои эҷодӣ (дар шакли албом), нусхаи сканерӣ ва электронӣ (барнома ва гуфторҳои телевизион ва радио дар шакли диск ё хотираи карта).
Дар озмун на кам аз 5 маводи эҷодие, ки аз 1-уми июни соли 2024 то 1-уми июни соли 2024 дар воситаҳои ахбори оммавӣ эълон шудаанд, то 20-уми июни соли ҷорӣ дар шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон (шаҳри Самарқанд, кӯчаи Улуғ Турсунов, хонаи 80. Хонаи матбуоти вилоят) қабул карда мешаванд.
Ғолибон дар арафаи 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ эълон карда мешавад.
Телефонҳо барои муроҷиат:
66-233-91-69, 66-233-91-59, (93) 339-99-84.