Имсол Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар саросари кишвар таҳти чунин шиор ҷашн гирифта шуд. Чорабиниҳои асосии идона дар кӯчаҳои Алишер Навоӣ ва Мустафо Камол Отатурки шаҳри Самарқанд ба таври сайли мардумӣ ташкил гардид. Дар ифтитоҳи чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев кӯдаконро бо ҷашн табрик кард.
Чорабиниҳо бо намоишгоҳи корҳои эҷодии бачагон, намоишҳои саҳнавӣ, викторина, барномаи консертӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ идома ёфтанд.
— Дар тадбирҳои идонаи имсола кормандони мо барои бачагон дар бораи қаҳрамонҳои афсонаҳо, чеҳраҳои мондагори таърихӣ ва мероси адабии онҳо викторина ва бозиҳои интеллектуалӣ ташкил карданд, — гуфт директори китобхонаи бачагонаи вилоят Юсуф Муҳаммадиев. — Барои наврасоне, ки дар бозиҳо пирӯз гардиданд, китоб ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида, барои бачагон ва волидони онҳо дарсҳои маҳорат гузаронида шуд.
Дар доираи тадбирҳои идона масъулон аз ҳоли тарбиягирандагони Иттиҳодияи «СОС — Ӯзбекистон болалар маҳаллалари», хонаҳои бачагонаи оилавӣ, инчунин, фарзандони оилаҳои ниёзманд хабар гирифта, тӯҳфаҳо тақдим ва барои онҳо чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил карданд.
Ҳамон рӯз ба муносибати иди бачагон дар шаҳру ноҳияҳо, маҳаллаҳо, боғҳои истироҳатии вилоят тамошоҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ баргузор гардиданд.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Пайариқ чор кӯдакистон ба фаъолият сар кард. Аз ҷумла, ташкилоти таълими томактабии оилавии ғайридавлатии «Бахтиёрова Умида», ки дар маҳаллаи Фикрати ноҳия аз ҷониби соҳибкори тартиби якка ташкил шудааст, барои 50 нафар пешбинӣ гардида, дар ин маскан баҳри таълиму тарбияи замонавии кӯдакон шароитҳои зарурӣ муҳайё аст. Кӯдакистони «Малика Малак»-и маҳаллаи Кӯпаки ноҳия дорои 100 кати хоб буда, дар асоси шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ таъсис ёфтааст. Инчунин, ташкилоти таълими томактабии рақами 1‑и маҳаллаи Алишер Навоӣ низ аз нав таъмир гардида, намуди замонавӣ гирифт. Дар маҳаллаи Шӯртеппаи ноҳия низ ба фаъолият сар кардани ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 49 барои аҳолии минтақа тӯҳфаи идона шуд.
Дар маҳаллаи Гӯзалкенти ноҳияи Пастдарғам дар назди ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 46, ки дорои 60 кати хоб аст, ташкилоти нави таълими томактабӣ барои 200 нафар қад рост карда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуд. Дар маҳаллаи Бекҳо бошад, ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 56-ро ба истифода супориданд. Дар ин маскан барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдакон шароит муҳайё аст.
Дар маҳаллаи Янгиариқи ноҳияи Булунғур низ дар асоси шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ ташкилоти таълими томактабии замонавии «Ақлвой», ки дорои 120 кати хоб аст, ба фаъолият сар кард.
