Ovozi.uz

Як китоби хуб беҳ аз хазинаи бузург



Як дугонаи солҳои донишҷӯиям ба ман китобе бахшид. Онро дар хона ҳама хондан мехоҳанд. Навбати ман шабона, баъди хоби ҳама мерасад. Ин китоби нави тарҷумаҳои нависанда ва ҳаҷвнигори шинохта Бахтиёри Ҷумъа — «Гулчини латифаҳои ҷаҳон» аст. Мураттиб ҳангоми таҳияву тарҷума онҳоро мувофиқи мавзӯъ ба қисматҳо ҷудо карда, ба баъзеашон сарлавҳа гузоштааст. Ҳангоми тартиб додан нозукиҳои забон ва завқи хонандагонро ба назар гирифтааст. Китоб чунин қисматҳо дорад:
1. Лутфи латифи эҷодкорон ва файласуфону бузургон;
2. Хандаи давлатмандон ва сиёсатмадорон;
3. Базлаву ҳозирҷавобии зарифон;
4. Лабханди ошиқон ва оиладорон;
5. Мутоиботи духтурон ва беморон.
6. Латифаҳои сарбозону афсарон;
7. Муколамаҳои ронандагон ва нозирони роҳ;
8. Аз ҳангомаҳои «Бобокайфӣ»-ҳо;
9. Шӯхиву хушҳолиҳои бачаҳо ва донишҷӯён;
10. Табассум аз ҳар хусус ва ғайра.
Ҳар як латифаи ин китоб ба хонанда шавқу завқи латиф мебахшад, аҳамияти тарбиявӣ дорад ва ғизои маънавӣ медиҳад. Ба воситаи ҳангомаҳои аҷоиб баъзе нуқсонҳои ҳаёти моро танқид менамояд.
Барои мисол чанде аз онҳоро дар поён меорем.
Хоби аҷоиб
— Э, азизам, ман хоб дидам, ки ту барои ман гарданбанди олиҷанобе харидӣ.
— Бихоб, ҷонакам, шояд давоми хобатро бинӣ, ки ман пули онро аз куҷо ёфтам?!
Хонаи нав
— Хонум, шумо аз хонаи наватон розӣ ҳастед?
— Албатта. Аз рӯзе, ки мо ба хонаи нав кӯчидем, ягон бор бо шавҳарам ҷанҷол накардаам.
— Барои чӣ?
— Медонед, ин хонаҳоро чунон сохтаанд, ки саҳл овозатонро баланд кунед, деворҳояш ба саратон меафтад.
Ҷавоби камбағал
Зани камбағале бемор шуд.
— Духтур ҷеғ занед, — ба ӯ маслиҳат доданд мардум.
Ӯ дар ҷавоб гуфт:
— Мо одамони камбағалем, бе ёрии духтур ҳам худамон мемурем.
Виҷдон
— Дадаҷон, зиёиён киҳоянд?
— Онҳо шахсони ниҳоят камбағаланд. Дар ниҳодашон ба ғайр аз виҷдон, дигар чизе нест.
Ҷазои ғайбатчиён
Боре ҳукмдори ҷаҳон ба Афандӣ савол дод:
— Барои ғайбатчиён чӣ хел ҷазои сахт ёфтан мумкин аст?
Афандӣ ҷавоб дод:
— Бояд гӯши одамонеро, ки ғайбати онҳоро мешунаванд, бурид.
***
Латифаҳо шаҳду шакари сӯҳбатҳост. Агар дар анҷуманҳо ягон шахси зарифу ҳазлкаш латифа ё ҳикояти намакин гӯяд, хастагиашон рафъ шуда, ғубори дилашон мебарояд.
Ҳар касе, ки латифаҳо мехонад ва ё мешунавад, ханда мекунад, хушҳол мегардад, ба табибу табобатгоҳ эҳтиёҷе надорад. Бинобар ҳамин, ҳаводорони каломи бадеъ ва шайдоёни ҳаҷву мутоиба китоби «Гулчини латифаҳои ҷаҳон»-ро гирифта хонанд, завқ мебаранд ва ҳеҷ гоҳ дарду ғамеро нахоҳанд дид.

Масъуда НӮЪМОНОВА,
омӯзгори нафақахӯр