Падари Симо ҳини аз кор баргаштан барои духтараки худ аз мағоза пуфаки осмонрангеро харид. Вақте хона омад Симо пуфакро дида, хушҳол шуд ва ба гардани падар даст ҳалқа карду аз рӯяш бӯсид. Сипас, пуфакро гирифта сӯи кӯча шитофт то бо дугонаҳояш Гулрӯю Раъно бозӣ кунад. Дар кӯча дугонаҳояш набуданд. Паси дарвозаи ҳавлии Гулрӯ рафта, садо кард:
— Гулрӯ, ҳой Гулрӯ, биё пуфакбозӣ мекунем. Падарам ба ман пуфаки калон оварданд.
Садои Симоро ҳамсояи девордармиёни Гулрӯ — Раъно ҳам фаҳмида, кӯча баромад. Се дугона пуфакбозӣ карданд. Ногоҳ пуфак дар дасти Гулрӯ «пақ» карду кафид. Ҳама чанд сония ҷим шуданд. Баъд Симо дарғазаб гардида, ба Гулрӯ хархаша кард, ки пуфаки зебои ӯро кафонд.
Гулрӯ ночор монд ва гиря гулӯгираш намуд. Ранҷид ва сархам сӯи хона мерафт, ки модараш аз пешаш баромад. Ӯ аз кор бармегашт ва дар даст пуфаки осмонранг дошт. Модар ба Гулрӯ наздик шуду пуфакро дароз карда гуфт:
— Гулрӯҷон, ин пуфаки зеборо барои ту харидам.
Гулрӯ хурсанд пуфакро гирифту пеши дугонаҳои худ Симо ва Раъно шитофт.
Меҳрӯзаи ОРИФҶОН
