Имрӯз фестивали ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» дар ноҳияи Ҷомбой баргузор гардид. Аз субҳи содиқ дар назди заводи автомобили «МАN» ҷавонони фаъоли ноҳия барои иштирок дар марафони пиёдагардии «Барои ҳаёти солим — 5 ҳазор қадам» ҷамъ омаданд.
Дар идома дар варзишгоҳи марказии ноҳия машқҳои ҷисмониро иҷро карданд. Инчунин, дар доираи фестивал мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои интеллектуалӣ, озмунҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар Мактаби варзишии ноҳия аз рӯйи тирандозӣ аз камон дарси маҳорат баргузор гардид. Дар мусобиқаҳо аз рӯйи намуди бокс, карате, гӯштии миллӣ ҷавонон имкони намоиши истеъдоди худро ба даст оварданд. Дар мактаби мусиқа ва санъати бачагонаи рақами 10‑и ноҳия озмуни рақс ва рассомӣ гузаронида шуд.
– Дар кишвари маҳбуби мо барои тадбиркорони ҷавон як қатор имтиёз ва имкониятҳо дода шудааст, — гуфт сокини маҳаллаи Аҳмадҷон Қурбонови ноҳия, соҳибкори ҷавон Абдуазиз Тошпӯлодов. – Аз чунин имтиёзҳо истифода бурда, дар доираи лоиҳаи “Қадами аввал бар тиҷорат” 30 миллион сӯм кредити имтиёзнок гирифтам ва коргоҳи дӯзандагиву маркази киберспорт ташкил кардам. Дар натиҷаи 6 нафар ҷавонони маҳаллаи худро бо кор таъмин намудам. Имрӯз дар доираи фестивали ҷавонон маросими кушодашавии коргоҳ баргузор гардид. Ният дорем, ки дар оянда доираи фаъолияти худро васеътар намоем.
Дар рафти чорабинии фарҳангие, ки дар Мактаби эҷодии бачагонаи “Авлоди баркамол”-и ноҳия баргузор гардид, ҳокими ноҳия Қ.Собиров, сенатор Г. Алимова ба донишомӯзони аълохон, ки мактабро бо медали тилло ва нуқра хатм кардаанд, медалҳоро тантанавор супориданд.
Зикр гашт, ки имсол синфи ёздаҳуми мактабҳои ноҳияро 2029 нафар хонандагон хатм карда, аз онҳо 54 нафар соҳиби медали тилло ва 24 нафар соҳиби медали нуқра гардиданд.
— Сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мегарданд, натиҷаҳои худро нишон дода истодааст, — гуфт ҳокими ноҳия Қ.Собиров. — Мо ифодаи амалии ин ҳамаро дар бисёр самтҳо, аз қабили бо кор таъмин намудани ҷавонон, соҳиби маълумоти олӣ намудани онҳо, бозомӯзии касбу ҳунар, дастгирии фаъолияти тадбиркории ҷавонон, ғояҳои созандаи онҳо, ҳавасмандгардонии лоиҳаҳои стартап мушоҳида карда метавонем. Дар ин бобат мо аз ҷавонони ноҳияи Ҷомбой умеди калон дорем. Имрӯзҳо онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ҳар самт пешсаф бошанд ва дар амал ба ин ноил шуда истодаанд.
Ҷавонон — нерӯи созанда ва ворисони оянда
