Чанде пеш бо ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Самарқанд сув таъминоти» барои шинос кардани кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, бо корҳое, ки дар ноҳияи Булунғур бобати беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва беҳсозии инфрасохтори патовобҳо дар соли 2024 пересс-тур ташкил гардид.
Дар рафти чорабинӣ роҳбари филиали Ҷамъияти саҳҳомии «Самарқанд сув таъминоти» дар ноҳияи Булунғур Баҳрӣ Фахриев дар бораи нуқтаҳои нави оби ошомиданӣ ва партовобҳо маълумот дод. Зикр гашт, ки шумораи умумии аҳолии ноҳия 201968 нафарро ташкил карда, аз ин миқдор 149 053 нафар, яъне 73,8 дарсадаш бо оби ошомидании марказонидашуда таъмин гардидаанд. Қисми дигари аҳолӣ аз манбаъҳои гуногун истифода мебаранд.
— Дар ноҳия 197 иншооти обӣ, 208 чоҳи артезианӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 64_тояш ба таъмир ниёз доранд, — гуфт Баҳрӣ Фахриев. — Дарозии умумии шабакаҳои обии ноҳия 498,7 километрро ташкил карда, 32 километраш таъмирталабанд. Бино ба ҳолати 1_уми июни соли равон дар хонадони 9531 нафар истеъмолкунандагон (86,6 фоиз) ҳисобкунакҳо гузошта шудааст. Боиси эътироф аст, ки дар натиҷаи насби насосҳои сарфакунанда ва гузоштани ҳисобкунакҳо 631 066 квт. қувваи барқ сарфа гардидааст. Ният дорем, ки дар оянда низ чунин амалҳоро идома дода, дар иншоотҳои обӣ панелҳои офтобӣ гузорем.
Таъкид гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани хизмати партовобҳо барои 56 бинои баландошёнаи мавзеи Ӯзбекистони Нав, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи Олмазори ноҳия 5 адад чоҳи артезианӣ сохта шуд ва боз бунёди 2 чоҳи дигар дар назар аст. Инчунин, ба масофаи 12,5 километр кашидани шабакаи партовоб дар нақша аст.
Ғайр аз ин, барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии ноҳия бо оби ошомиданӣ то соли 2030 барномаи махсус таҳия гардидааст ва имрӯзҳо бобати таъмини иҷрои он корҳои судманд амалӣ мегарданд.
Н.БОБОАҲМАДОВ
