Ovozi.uz

Ҳаётро дӯст доред…


Рӯзи 22-юми июни соли равон толори фаъолони Маркази миллии бозомӯзии методҳои нав ба педагогҳои вилояти Самарқанд шукӯҳи идона дошт. Дар толор шоиру нависандагон, вакилони ташкилотҳои давлатӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, аҳли адаб ва дӯстдорони радиову телевизион ҷамъ омада буданд. Ҳама кайфияти болида доштанд ва бо меҳру самимияти афзун дар бораи журналисти ботаҷриба, сухандони боистеъдоди шӯъбаи радиои Ширкати симо ва садои вилоят(СТР) Ҳулкар Нурматова, садои диловезу маҳорати волои ин бонуи ҳунар ҳарф мезаданд ва шодмонии худро аз ташриф ба ин вохӯрии эҷодӣ иброз менамуданд.
Воқеан, кор дар соҳаи радиожурналистика мушкилиҳои ба худ хос дорад ва на ҳар кас метавонад дар ин самт комёб гардида, мухлисони зиёд пайдо намояд. Ҳулкар Нурматова аз зумраи радиожурналистони бомаҳоратест, ки тавассути гуфторҳои пурмазмун, ҷолиб, шавқовар, ҳамзамон, пахшҳои мустақими худ дар дили ҳазорон шунавандагони радио ҷой гирифтааст. Мо хостем ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ бо ин сухандони ширинзабони сайқали рӯйи замин, бонуи фарҳангдӯст ва бедордил, журналисти хушсадову хушсимо ҳамсӯҳбат шавем.
— Дар бораи орзуҳои айёми кӯдакӣ, қадамҳои аввалини худ ба соҳаи журналистика, инчунин, устодони худ дар ин самт мегуфтед…
— Кӯдакӣ як даври беҳтарини умр аст. Айёми беғуборӣ, беқарорӣ ва бахтиёрӣ. Дар кӯдакӣ орзу мекардам, ки ҳунарпеша, раққоса ё сароянда шавам. Бахусус, рақсро хеле меписандидам. Агар дар телевизион ё радио суруде шавад, зуд мерақсидам. Ба гуфти падарам, равонашон шод бод, Зиёдулло Нурматов ҳатто ба оҳангҳои барномаҳои ахбор низ мерақсидаам. Дар чорабиниҳои мактаб низ фаъол иштирок карда, суруд мехондам. Аммо дар бораи ин орзуҳои кӯдаконаи худ ба касе намегуфтам. Ҷуръат намекардам. Қалбан эҳсос мекардам, ки хонаводаамон ин орзуҳои маро ҷонибдорӣ намекунанд. Аз хурдӣ дар муҳити шеъру адаб ба камол расидам. Падарам марди эҷодкор буданд ва пайваста дар хонадони мо вохӯриҳои шоиру нависандагон баргузор мегардид. Шоиру нависандагони машҳур меомаданд. Мушоираҳо меоростанд. Дар чунин муҳити шеъру адабу китобу фарҳанг ба камол расидам ва ҳамин боис гардид, ки дар дилам ба соҳаи журналистика шавқу рағбат пайдо шавад. Соле, ки мактабро хатм кардем, дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шӯъбаи журналистика кушода шуд ва мо аввалин довталабоне будем, ки донишҷӯи ин шӯъба шудем. Аз солҳои донишҷӯӣ ҳамкории худро бо воситаҳои ахбори оммавӣ сар кардам. Маҳз дар ҳамин солҳо чанд шеъру мақолаам дар рӯзномаҳои «Пайариқ ҳаёти», «Челак тонги» чоп гардид. Дар роҳи эҷод аввалин устодам падарам ҳастанд. Роҳнамо, маслиҳатгар, муҳаррир, мунаққиди ҳар як навиштаам падарам буданд. Камбудиҳоямро мегуфтанд, хатоҳоямро ислоҳ мекарданд. Пас аз хатми донишгоҳ дар Ширкати симо ва садои вилоят ба ҳайси сухандон фаъолияти худро оғоз кардам. Падарам ҳар як баромади маро гӯш карда, ба оҳанги гуфторам диққат мекарданд ва дар мавриди камбудиҳоям мегуфтанд. Инсоне, ки дар рафти фаъолияти корӣ маро пайваста дастгирӣ карда, роҳнамоӣ намуданд, журналисти варзида Амрилло Аҳмедов ҳастанд, ки то ҳол маслиҳатҳои худро дареғ намедоранд. Вақте ба Амрилло Аҳмедов дар бораи ташкили пахши мустақим дар шӯъбаи радио гуфтам, устод нобоварона пурсиданд, ки «Оё ин кор аз дастат меояд?» Бо боварии комил «Ҳа!» гуфта ҷавоб додам. Баъд дар радио гуфторҳои «Садои Самарқанд»-ро роҳандозӣ кардем, ки дар фурсати кӯтоҳ байни шунавандагони радио мухлисони бисёр ёфт. «Садои Самарқанд» дар аввал ним соат буд, аммо баъдтар бо дархости шунавандагон давомнокии онро як соат кардем. Дертар гуфторҳои «Субҳ ба хайр»-ро ташкил кардем. Инчунин, ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар шабакаи телевизионии «Самарқанд» барномаи «Ассалом, Самарқанд»-ро сарварӣ мекунам. Бо як сухан, касби худро дӯст медорам. Бароям бартар аз меҳр, муҳаббат, эҳтиром ва эътибори муштариён тӯҳфаи беҳтару арзишмандтаре нест.
— Аз нигоҳи шумо журналист бояд чӣ гуна бошад?
— Журналист, пеш аз ҳама бояд касби худро дӯст дорад. Вақте пешаи худро дӯст намедорад, наметавонад ба ягон комёбӣ мушарраф гардад.

Инчунин, журналист бояд фидокор, масъулиятшинос, заковатманд, эҷодкор ва соҳибқалам бошад. Ҳар як воқеаи гирду атрофро дақиқназарона дарк кунад. Нутқи фасеҳу равон дошта, зебо гуфтан, зебо навиштанро донад. Ҳамзамон, дар кори журналистӣ ҷаҳонбинии васеъ доштан аҳамияти муҳим дорад.
— Дар замони имрӯза, ки технологияҳои ахборӣ босуръат рушд мекунад, оё мардум ба радио эҳтиёҷ доранд?
— Тавре тамошобинони телевизион корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, радио низ шунавандагонашро дорад. Нафароне ҳастанд, ки шояд телевизор тамошо накунанд ё ба интернет дастрасӣ надошта бошанд, аммо радои гӯш мекунанд. Хабарҳоро маҳз тавассути радио мешунаванд. Ғайр аз ин, на ҳама дар вақти дилхоҳ имкони тамошои телевизор ва пайгириии шабакаҳоро доранд. Аммо дар нуқтаи дилхоҳ метавонанд радио гӯш кунанд. Аз навигариҳо огоҳ шаванд.
Бояд гуфт, ки дар радио имкони саривақтӣ расонидани хабар бештар аст. Радиожурналист метавонад аз ҷойи воқеа хабари онро тавассути телефон расонад ва он ба таври мустақим пахш гардад. Ин яке аз афзалиятҳои радио ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳеҷ вақт наметавонем бигӯем, ки ба радио зарурате нест.
— Фикр мекунем, ки барои мухлисони Шумо ҳаёти шахсии шумо низ аҷиб аст…
— Шавҳарам Музаффар Эронов фармасевт ҳастанд. Се нафар фарзанд дорем. Духтарам Тӯмарис шавҳар кард ва як нафар фарзанд дорад. Писари калонам Темурбек имсол мактабро хатм кард ва аллакай донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Сингапур гардид. Писари хурдам Нурмуҳаммад дар мактаб таҳсил мегирад.
— Агар ба шумо як коғазро дода, ҷумлае барои насли оянда нависед гӯянд, чӣ менавиштед?
— Ҳаётро дӯст доред!
Ҳамин ҷумларо менавиштам. Чунки ҳаёт хеле кӯтоҳ аст ва мо бояд ба қадри ҳар лаҳзаи он расида, аз ҳар дақиқаи умр босамар истифода барем.


Мусоҳиб Фаридуни ФАРҲОДЗОД.