Рӯзи 30‑юми июн баробари дигар ҳудудҳои кишварамон дар Самарқанд низ Рӯзи ҷавонон васеъ ҷашн гирифта шуд. Бешубҳа, ин рӯзҳо дар хотири писару духтарони вилоятамон муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад. Чунки имсол бори аввал бо ташаббуси Сарвари давлатамон ҷашни ифтитоҳи Форуми ҷаҳонии ҷавонон дар Самарқанд гузаронида шуд. Пеш аз истиқболи ин рӯз ҳар сол дар доираи моҳонаи ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» фестивали анъанавӣ баргузор мегардад. Ин бор ҳам дар тамоми шаҳру ноҳия ва ҳатто дар ҳудудҳои дурдаст ҳам тадбирҳо ташкил карда шуда, Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуд.
Ба муносибати ин сана Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҷавонони кишварамон табрики идонаи худро фиристод. Дар он таъкид мегардад, ки солҳои охир дар кишварамон системаи идоракунии вертикалии кор бо ҷавонон, ки дар ҷаҳон кам ба назар мерасад, офарида шуд. Ин имкони дар қишри поёнӣ тавассути вакилони Президент, ки дар маҳаллаҳо ҳамчун сардори ҷавонон кор мекунанд, масъалаҳои бисёрро чун бозомӯзии касбу ҳунар ба ҷавонон, таъмини шуғл, пурмазмун гузаронидани вақти холӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳоро фароҳам меорад. Инчунин, ҷавонон натиҷаи корҳои васеъро, ки дар асоси «Дафтари ҷавонон» пеш бурда мешавад, дар ҳаёти худ эҳсос мекунанд.
Аз ҷумла, дар чоряки аввали соли равон ба 2592 нафар ҷавони вилоятамон, ки ба «Дафтари ҷавонон» ворид шудаанд, кӯмак расонида, онҳо аз рӯйхат бароварда шуданд. Масалан, 112 нафари онҳо бо кор таъмин гардиданд, ба 92 нафарашон барои таҷҳизоти зарурӣ субсидия ҷудо карда шуд. Ба 263 нафар ҷавон барои хондан маблағи шартномаи пардохт, ба 13 нафар писарон бадали резерви даъвати сафарбарӣ супорида шуд.
Боз як ҷиҳати шавқовар, ҳангоми фарорасии ҷашни ҷавонон Шаҳзод Элмуродов ва Фазлиддин Арзиқулови самарқандӣ бо мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардиданд. Омӯзгори забони англисии мактаби таълими умумии рақами 84‑и ноҳияи Пайариқ Баҳодир Аноров ва гид-экскурсоводи Дирексияи нигоҳдорӣ ва истифодаи ансамбли Регистони шаҳри Самарқанд Мадина Шодиева бо медали «Келажак бунёдкори» мукофотонида шуданд.
Мо аз табрики Президент ва муваффақиятҳои ба даст овардаамон рӯҳбаланд шуда, ҷавонони самарқандиро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва ҳамроҳи онҳо ба натиҷаҳои аз ин ҳам бузург ноил мегардем.
Сарвар БОБОЕВ,
роҳбари Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон.
