Ovozi.uz

Имтиҳонҳои қабул ба муассисаҳои таълимии ихтисосонидашудаи Самарқанд сар шуд

Имрӯз дар шаҳри Самарқанд барои мактабҳои ихтисосонидашудаи вилоят имтиҳони қабул оғоз ёфт. Имтиҳони қабул барои мактабҳои ихтисосонидашудаи дар тамоми минтақаҳои мамлакат дар як вақт, яъне соати 8:00 сар шуд.
Соли равон ба муассисаҳои таълимии ихтисосонидашуда, мактабҳои Президент, мактаби ихтисосонидашудаи ба номи Ал Хоразмӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 244 ҳазор донишомӯз ҳуҷҷат супориданд. Аз ин миқдор ба мактабҳои ихтисосонидашудаи вилояти Самарқанд 13122 нафар, аз ҷумла, ба мактабҳои Президент 5989 нафар ва ба филиали самарқандии мактаби ихтисосонидашудаи ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ 7304 нафар донишомӯз ариза додаанд.
Имтиҳони мактабҳои ихтисосонидашуда дар як зина амалӣ гардида, дар он 25 саволи тестӣ аз математика ва 15-то аз забони англисӣ, дар маҷмӯъ 40-то тест дода мешавад. Имтиҳон ҳар рӯз дар се баст баргузор гардида, 90 дақиқа вақт дода мешавад. Ба мактабҳои ихтисосонидашуда асосан донишомӯзони синфҳои 5 ва 7-ум қабул карда мешаванд.
Имтиҳонҳо то 10-уми июл идома хоҳанд ёфт. Рӯзи 10-уми июл донишомӯзоне, ки бо сабабҳои муайян ба санҷиш наомадаанд, тест месупоранд.
Ёдовар мекунем, ки имтиҳонҳои қабул ба мактаби Президент дар Самарқанд аз 7-уми июл оғоз меёбад.