
Дар давраи раёсати худ Русия се чорабинии калидиро ба нақша гирифтааст. Мубоҳисаи ошкоро оид ба ҳамкориҳои бисёрҷониба барои бунёди тартиботи одилонатар ва устувори ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, 17-уми июл баҳсҳои ошкоро оид ба ҳалли низоъ дар Ховари Миёна дар назар аст. Ҳамчунин, 19-уми июл дар Шурои амният муҳокимаи ҳамкориҳои СММ бо созмонҳои минтақавӣ – СААД, ИДМ ва СҲШ барпо мегардад.
Қаблан Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, гуфта буд, ки ҷаласаҳои Шурои амнияти СММ рӯзҳои 16 ва 17-уми июл таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор мешаванд.
