Маматҷон ТУРДИЕВ,
мудири Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд.
Аз сокинони вилояти мо дар нимсолаи якуми соли равон ба Қабулхонаҳои Виртуалӣ ва халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 68,8 ҳазор муроҷиат расид, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 13 дарсад зиёд мебошад.
Аз ин муроҷиатҳо 50503‑тоаш, яъне 81 дарсади он қонеъ гардонида шуданд, 523‑тоашро зери назорат гирифтанд, аз рӯи беш аз 1000‑тоаш маслиҳат доданд, 763‑тоашро рад карданд, 212‑тоаш бе баррасӣ гузошта шуд.
Баробари ҳамин дараҷаи ҳалли муроҷиатҳо дар ноҳияҳои Самарқанд (29%), Тайлоқ (34%), Пастдарғам (34%), инчунин, шаҳрҳои Каттақӯрғон (34%) ва Самарқанд (34%) кам аст. Аз 47266 муроҷиате, ки зери назорати Қабулхонаҳои халқии вилоят баррасӣ гардидаанд, қариб 18 ҳазорашон мусбӣ ҳал шудаанд.
Ба Қабулхонаҳои халқӣ ҳамагӣ 4312‑то муроҷиатҳои хаттӣ ва даҳонакӣ шудааст ва дар онҳо беш аз 5000 муамморо ба миён гузоштаанд. Нисбат ба ҳамин даври соли гузашта шумораи аризаҳо ба 2021‑то кам шудааст. Вале шумораи муроҷиатҳо ба Қабулхонаҳои виртуалӣ ва халқӣ, ки аз шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Пастдарғам, Ургут, Пахтачӣ ва Пайариқ расидаанд, афзудаанд.
Муроҷиатҳо асосан бо таъминоти нафақа (7301‑то), рӯёндани алимент ва қарзҳо (6470‑то), таъминот бо қувваи барқ (5402‑то) ва гази табиӣ (4956‑то), ҷинояткорӣ (4724-то), ёрии моддӣ ва ҳомигӣ (3129‑то), фаъолияти кормандони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ (1763‑то), табобат ва хизматрасонии тиббӣ (1700‑то), хоҷагии сохтмону коммуналӣ (1502‑то), қабул ба кор (1427‑то) ва сохтори роҳ (1325‑то) вобастаанд.
Аҳамияти муроҷиатҳое, ки бо вом (кредит)-ҳои бонкӣ, фонди биноҳои истиқоматӣ ва фаъолияти коргузор (роҳбар)-они ташкилотҳо, бехатарии ҳаракати роҳ, корҳои шаҳрвандӣ дар судҳо вобастаанд, афзуданд.
Шумораи муроҷиатҳои такрорӣ, ки дар нимаи якуми сол расиданд, 9425‑торо ташкил кард ва нисбат ба ҳамин даври соли гузашта ба 34‑то афзудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муаммоҳои шаҳрвандон саривақтӣ ҳал карда нашудаанд ё ки масъалаҳои дар муроҷиатҳо гузошта шуда, такрор шудаанд.
Муроҷиатҳои такрорӣ асосан ба таъминоти қувваи барқ, газ, вомҳои бонкӣ ва соҳибкорӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва нафақа, корҳои шаҳрвандӣ дар судҳо вобастаанд. Аксарияти чунин муроҷиатҳо аз шаҳри Самарқанд (1116), ноҳияҳои Пастдарғам (1086), Каттақӯрғон (864), Пайариқ (786), Пахтачӣ (698) ва Ургут (674) шудаанд.
Таҳлил аз рӯи фаъолияти секторҳо нишон медиҳад, ки муроҷиатҳои беш аз ҳама (18370) аз сектори саввум ва аз ҳама кам (16996) аз сектори чорум расидааст.
Агар муроҷиатҳоро аз рӯи маҳаллаҳо таҳлил кунем, маълум мешавад, ки аз 155 нафар сокини ҶШМ «Янгиобод»-и ноҳияи Оқдарё 241‑то, аз 144 нафар сокини шаҳраки Қаросуви шаҳри Самарқанд 192‑то, аз 129 сокини ҶШМ «Боғишамол»-и ноҳияи Пастдарғам 282‑то ва аз 126 нафар сокини ҶШМ «Истиқлол»-и ноҳияи Пахтачӣ 333‑то муроҷиат дастрас шудааст.
Дар 3015 ҳолат ба муддати баррасии муроҷиатҳо риоя накардаанд. Аз рӯи ин масъала чораҳои дахлдор дида шуданд.
Қабулҳои сайёре, ки роҳбарони муассиса ва ташкилотҳо дар ҷойҳо мегузаронанд, дар ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон самараи хуб медиҳад. Мисол, дар нимсолаи якум роҳбарони секторҳои вилоят 2345 бор чунин қабулҳо гузаронданд, ки дар онҳо 16290 шикояти 15760 нафар шаҳрванд шунида шуданд ва 63 дарсади ин муроҷиатҳо мусбӣ ҳал гардидаанд.
Вале аз сабаби саривақтӣ ҳал нашудани муаммоҳое, ки онҳоро дар сатҳи маҳаллӣ ҳал кардан мумкин аст, шахсони масъул ба аҳолӣ роҷеъ ба муаммоҳо ва ҳалли онҳо ахбори саривақтӣ ва боварибахш намедиҳанд, омадани илтимосҳо дар бораи ташкил кардани қабули роҳбарони дараҷаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Сарвари давлат давом доранд. Инчунин, аз сокинони минтақа 489 илтимоснома дар бораи қабули шахсии роҳбарон, ки аз онҳо 208 нафар мехоҳанд ба қабули Сарвари давлат ворид шаванд, расиданд.
Зиёда аз ин, 393 нафар шаҳрванд, ҳалли муаммои худро мунтазир нашуда, ба шаҳри Тошканд рафтаанд ва бевосита ба Қабулхонаи халқии Президент аз рӯи 660 масъала муроҷиат кардаанд, онҳо асосан сокинони шаҳри Самарқанд (208 нафар), ноҳияи Пастдарғам (95), Тайлоқ (53), Ургут (51) ва Пахтачӣ (41 нафар) мебошанд.
Дараҷаи кори ташкилотҳои минтақавӣ бо шаҳрвандон, ки барои ёрӣ такроран муроҷиат мекунанд, ҳамон суст аст. Дар давоми ним сол 333 нафар шаҳрванд аз 10 то 50 маротиба ва 10 нафар беш аз 50 маротиба муроҷиат намудаанд.
Натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якум, инчунин, таҳлилҳои пешниҳод ва муроҷиатҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарони идораҳои ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо, роҳбарони секторҳо бояд бо муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар кор кунанд, бо онҳо бевосита бо ташкили қабулҳои сайёр мулоқот намоянд ва ҳалли саривақтии муаммо ва норасоиҳоро ёбанд. Роҳбарони ҳамаи зинаҳо набояд фаромӯш кунанд, ки ислоҳот ва тағйиротҳо дар мамлакати мо ба манфиатҳои халқ нигаронида шудаанд ва ба халқ хизмат кардани идораҳои давлатӣ ба қоидаи қатъӣ ва меъёри асосӣ табдил ёфтааст.
Чаро муроҷиатҳои такрорӣ меафзоянд?
