
Соли 2017 Ҳалимака ном шахсе аз ман хоҳиш кард, ки барои сабзазор кардани ҳавлиаш кӯмак кунам. Ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ маълум шуд, ки ӯ солҳои зиёд дар вилояти Сурхондарё кор кардааст. Ба нафақа баромада, ба хонаи падариаш, ки дар маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд аст, баргаштааст ва акнун мехостааст онро обод кунад.
Ман ба ҳавлии ӯ рафта, ба қадри имкон маслиҳат додам, ки рӯйи ҳавлиро чӣ гуна ба тартиб даровардан ва кабудизор кардан мумкин аст.
Нигоҳам ба дарахти навниҳоли зардолу афтод, ки дар он пайвандҳои зиёде ба назар мерасид. Сабабашро пурсидам. Шарҳи Халимака маро ба ҳайрат овард. Чанд муддат аз шунидаҳоям ба худ омада натавонистам. Маълум шуд, ки дар ин ниҳол зиёда аз понздаҳ шоха бо ҳамон як навъи зардолу, ки аз вилояти Сурхондарё овардааст, пайванд карда шудааст. Ва ин навъи зардолу нодир буда, дар гирду атроф нашъунамо намекунад ва Бузрукхонӣ меноманд.
Мақсад аз пайвандҳои зиёди зардолуи якхела, чуноне ки Ҳалимака шарҳ дод, ақаллан як донаи пайвандшуда гирифта, калон шавад ва ин навъи зардолу дар Самарқанд ҳам зиёд гардад. Хусусияти фарқкунандаи ин зардолу аз дигар зардолуҳо дар он аст, ки донакаш дар дохили мева ҷудо мешавад. Тасаввур кунед, бе ягон душворӣ ва нороҳатӣ, шумо метавонед дар як вақт ҳам мева ва ҳам мағзи донаки ин зардолуро бихӯред.
Рости гап, баъди шунидан ба нақли Ҳалимака шубҳа кардам. «Шунидан кай бувад монанди дидан» гуфтаанд. Аз ин рӯ, ҳамон лаҳза дар назди худ мақсад гузоштам, ин навъи зардолу бояд дар боғи Ҳавлӣ-музейи Ориф Гулханӣ ҳам бошад.
Ману Халимака қарор додем, ки ба воситаи телефон сӯҳбат карда, аз ҳолати зардолуи бузрукхонии пайвандшуда ҳамдигарро огоҳ мекунем.
Аммо талошҳои минбаъдаи ман барои тамос бо ин шахс натиҷа надод…
Дар ибтидои фасли баҳори соли 2020 дар як чорабинӣ дӯсти деринаам Шавкат Узоқовро, ки ӯ низ дар як маҳалла бо Ҳалимака зиндагӣ мекунад, вохӯрда, ба ӯ қиссаеи зардолуи бузрукхониро нақл кардам.
Вай гуфт, ки Ҳалимака баъди ба Самарқанд омадан дар хонаи падараш дер назиста, дар синни ҳафтоду шашуми умраш ногаҳон вафот кард. Ҳоло дар хонаи ӯ писаронаш Раҳимҷон ва Азимҷон зиндагӣ мекунанд. Ӯ инчунин илова кард, ки дар ҳавлии онҳо ҳамон навъи зардолу ҳаст ва мева медиҳад. Шавкатҷон ваъда дод, ки тавассути писарони Ҳалимака навдаи зардолуи бузрукхониро барои пайванд ба ман мерасонад.
Рӯзи дигар, субҳи барвақт писари хурдии Ҳалимака Азимҷон навдаҳои ин зардолуро овард.
Аз пайвандҳои бисёри кардаи ман танҳо дутоаш гирифт.
Имсол як ниҳоли он ҳосил дод.
Зардолу каме байзашакл аст. Пӯсташ пашмакиву рангаш сафеди каме ба сурхи равшан моил. Мазааш ширин буда, аз ҷиҳати микдори қанд аз зардолуҳои қандак, ғӯлунгӣ ва Кури Содиқ монданӣ надорад.
Вазни ҳар як донаи зардолуи Бузрукхонӣ аз 13 то 20 грамм аст. Бӯи мушаххас надорад. Гӯшти мева аз донакаш ба осонӣ ҷудо мешавад. Мазаи донаки зардолу ширин аст. Ва аз ҳама муҳимаш, аз нӯҳ мева шаштоаш мағзи даҳонаш кушода доранд. Дар дигарашон танҳо ҷойҳои роғи кушодашавӣ маълум аст.
Аз афташ, се меваи охирин пухта нарасидааст.
Модар-табиат ана ҳамин тавр ғамхор аст.
Ҳангоми хӯрдани зардолу ҳамзамон безаҳмате одам мағзи донаки онро бихӯрад ва худро аз варами шикам раҳонад.
Мо ҳама хуб медонем, ки ҳангоми хӯрдани зардолу, бешубҳа, як лаззати биҳиштие эҳсос мекунем. Модаркалони азизам Муаззамамоҳ дар кӯдакӣ пеш аз хӯрдани зардолу доимо ба мо мегуфтанд, ки баъди зардолу об нахӯрем. Об хӯрем, ба дарди ишкам гирифтор мешавем. Боз модаркалонамон суханонашонро бо мақоли мардумӣ тақвият медоданд: «Зардолу хӯрдӣ, об хӯрдӣ — мурдӣ. Тут хӯрдӣ, об хӯрдӣ — бурдӣ». Баъди зардолухӯрӣ фоидаи хӯрдани мағзи донаки онро ҳам гӯшзад мекарданд.
Модаркалонам, инчунин ба мо таълим медоданд, ки чӣ гуна доғҳои ранги шоҳтут (шоҳи тут)-ро аз даст, лабу рӯ ва либос нест кунем.
Мо то ҳол аз рӯйи гуфтаҳои модаркалонам амал мекунем…
Муқимҷон ОРИФӢ
