Ovozi.uz

Аз некон боғ…

Гузари Орифҷонбой аз маҳалҳои хеле қадимаи шаҳри Самарқанд буда, дар ин ҷо зиёиёну маорифпарварон аз ҷумла, Ҳодизодаю Шаҳидиҳо, Сиддиқию Исматиҳо ва дигарон зиндагӣ карда, барои рушду камоли маънавияти мардум ҳиссаи муносиб гузоштаанд. Мо дар ин мақола оиди фаъолияти яке аз аввалин машъалафрӯзони ин манзил бародарон — Қорӣ Осим ва Обид Исматиҳо фикру ақидаҳои худро баён мекунем.
Осим Исматӣ
Қорӣ Осим Исматӣ (1892-1950) аз беҳтарин зиёиёне мебошад, ки хизмати ӯ дар ташкил ва пешрафти равнақи маорифи халқ дар нимаи аввали асри гузашта хеле калон аст. Ӯ соли 1892 дар оилаи Исмати Сӯфӣ ном шахси босавод таваллуд шудааст. Падараш ба саводнокии писараш аҳамият дода, ӯро ба мактаби қориён монд. Осими ҷавон дар муддати чанд сол илми қоригиро аз бар ва Қуръонро пурра ҳифз кард. Аммо аз қоригӣ даст кашид. Чунки дар музофотҳо мактабҳои ҷадидӣ ташкил шуданд ва Осим ба омӯхтани фанҳои дунявӣ ҳавас пайдо намуд. Бо ҳамин мақсад аввал дар гузари Шарбатдор дар мактаби навусули Абдуқодир Шакурӣ таҳсил гирифта, сипас бо маслиҳати устодаш курси кӯтоҳмуддати муаллимонро бомуваффақият хатм намуда, бо корҳои таълиму тарбияи насли наврас ва ташаккули маорифи халқ машғул шуд.
Бо устодаш Абдуқодир Шакурӣ дар ҳавлии яке аз шахсони бойи гузари худ мактаби на он қадар калони ҷадидӣ кушода, ба фарзандони мардуми гирду атроф аз фанни савод таълим дод. Ӯ барои ташаккул додани мактаби худ омӯзгорони навҷӯи соҳибмаърифат Бобо Шарофзода, Муҳаммади Саломзода ва чанде дигаронро ҷамъ карда, аз паи саводнокии шогирдон шуд. Онҳо дар давоми фаъолияти худ аз китобҳои таълимии «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Таълими алифбо», «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ», «Таҳсиб-ус-сибён»-и Абдуқодир Шакурӣ, Саидризо Ализода, Исматилло Раҳматиллозода, Садриддин Айнӣ васеъ истифода мебурданд. Худи Қорӣ Осим ҳамчун донандаи илми динӣ аз қироати Қуръон ва Таҷвид саводи хонандагонро мебаровард. Дере нагузашта мактаби ӯро даҳҳо ҷавонони болаёқат аз қабили Муқаддасхон, Аъзамхон, Аъламхон Шаҳидиҳо, бародарон Ҳодизодаҳо ва аз аввалин педагогони солҳои 30_юми асри гузашта Шарофзодаҳо, ки онҳоро аҳли Самарқанд ба хубӣ мешинохтанду имрӯз низ ба некӣ ёд мекунанд, хатм намуданд.
Қорӣ Осим Исматӣ барои такмил додани фаъолияти педагогии худ чанд муддат ба курси махсус, ки шӯъбаи маорифи вилоят барои таълим гирифтани талабагон дар омӯзишгоҳҳо ташкил карда буд, дохил шуда, онро бомуваффақият тамом кард ва дар гузари Шарбатдори шаҳри Самарқанд чанд муддат дар мактаби ҷадидии Абдуқодир Шакурӣ дар вазифаи мудирӣ фаъолият нишон дод. Маҳз дар ҳамин нимаи дуюм солҳои бистуми асри гузашта ин таълимгоҳро ҷавонони соҳибистеъдод Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Кенҷа Ҳомидӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳмон Эгамбердиев ва даҳҳо дигарон хатм карда буданд, ки баъдтар аксарияти онҳо ҳамчун шоир, олим ва нависандагони бузург барои Ӯзбекистону Тоҷикистон хизмат карда, дар рушди адабиёт ҳиссаи муносиб гузоштанд.
Дар солҳои сиюм омӯзишгоҳи мардонаи педагогии шаҳри Самарқанд, ки Исматилло Раҳматиллозода сарвари он буд, ба муаллимони болаёқат эҳтиёҷи калон дошт. Таҷрибаи ғании Қорӣ Осимро ба назар гирифта, ӯро ба ин омӯзишгоҳ ба кори муаллимӣ даъват карданд. Вай шогирдонашро дар рӯҳи маънавияту маърифат тарбия мекард. Дар давоми солҳои 1931—35 ба таври мунтазам дар вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё, Фарғона, Намангон, Бухоро ва ғайра дар сафарҳо шуда, ҷавонписарони ташнаи илмро барои ҷалб кардан ба омӯзишгоҳи Самарқанд заҳматҳои зиёд кашид.
Қорӣ Осим маорифпарвари навовар буд. Ӯ баробари ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтан роҷеъ ба усули нав ба нави таълиму тарбия, суханшиносӣ, услубу одоби шахси муаллим, методикаи тарбияи фикрӣ ва рӯҳии таълим ба шогирдонаш маърӯзаҳо мехонд.
Адиб ва фолклоршиноси маъруфи тоҷик Обид Исматӣ, ки додари Қорӣ Осим Исматӣ буда, дар нашриёти давлатии Тоҷикистон хизмат мекард, бародарашро соли 1934 барои фаъолияти муаллимӣ ба Душанбе даъват кард. Он солҳо дар Тоҷикистон кадрҳо намерасиданд. Қорӣ Осим аввал дар мактабҳо бо муаллимӣ машғул шуду барои ба камол расидани як қатор омӯзгорони болаёқат саҳми арзанда гузошт.

Сипас ба шӯъбаи маданияти шаҳр роҳбарӣ кард, чун сардори кабинети методӣ ба ташаккулу равнақ ва такмили ихтисоси омӯзгорон саҳми арзанда гузошт.
Омӯзгори заҳматкаш чанд муддат дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе ба донишомӯзон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс дод. Қорӣ Осим дилбохтаи санъат буд. Ӯ дар бисёр мактабҳои Тоҷикистон таълими дарси сурудро ташкил кард. Дар маҳфилҳои мусиқӣ санъаткорони ҷавон ба воя расиданд. Вақте ки соли 1937 бародараш Обид Исматиро ходимони НКВД бо тӯҳмати «душмани халқ» ба ҳабс гирифтанд, қорӣ Осим дигар дар Душанбе зиндагӣ карда натавонист. Зеро муносибати баъзе ҳамкорон тағйир ёфт. Ин аст, ки ӯ ба зодгоҳаш кӯч баст. Ин воқеа дар ибтидои солҳои 40_уми асри гузашта сар зада буд.
Дар Самарқанд мардум дар таҳлукаю тарсу ҳарос, фикру зикри ҳама ба ҷанг буд. Бисёр ҷавонмардони оилаҳо ба фронт сафарбар карда шуданд. Ӯ низ хеле мехост ба майдони ҷанг рафта, бо душман афту дарафт кунад. Аммо ӯ чун омӯзгор мебоист бо таълиму тарбияи наврасон машғул мешуд. Фармон ҳамин хел буд. Қорӣ Осим Исматӣ ва дигар омӯзгорон дар чунин шароити зиндагӣ ба тарбияи ҷавонон ҷиддан машғул шуданд. Дар давоми дарс нафрати шогирдонро нисбат ба фашистон бедор мекарданд. Баробари ин ба оилаҳои бепарастормонда кӯмак мерасониданд. Ниҳоят ҷанг тамом шуда, ҳаёти мардум оҳиста-­оҳиста осуда шуд. Вақте ки Қорӣ Осим дар мактаби рақами 11_уми шаҳр кор мекард, шогирдони босаводу аҳли фарҳангро ба воя расонид. Бинобар дилбохтаи санъат будан дар мактаб санъати сурудхонӣ, гузаронидани шабҳои адабӣ, ба саҳна гузоштани намоишҳоро ба роҳ монд.
Машъалафрӯзи маърифат Қорӣ Осим баробари педагоги моҳир будан, дар корҳои ташкилию ободонии шаҳр фаъолона иштирок мекард. Бевосита бо ташаббуси ӯ дар солҳои баъди ҷанг маркази гузар хеле обод гардид. Аз ҷумла, бо ташаббуси ӯ боғи бузурги дарахтони мевадор сарҳавзи васеи сояю салқин бунёд шуда, солиёни зиёд ба мардуми гузари Орифҷонбой хизмат кард.
Муаллим марди дилбохтаи адабиёту фарҳанг буд, дар боғи ӯ санъаткорони машҳури Самарқанд зуд-зуд меҳмон мешуданд. Мардум то ба ҳамин қарибиҳо ин мавзеи хушбоду ҳаворо боғи Қорӣ Осим мегуфтанд.
Хулоса чуноне, ки дар урфият мегӯянд «Аз некон боғ, аз бадон доғ». Аз ин марди фарҳангдӯст на танҳо боғи мевазор, балки боғи илму дониш низ боқӣ монд, ки дар он аз ҳамон солҳои пешин то имрӯз олимони забардасту санъаткорони овозадор парвариш ёфта, ба камол мерасанд.

Ҳамза ҶӮРА