Ovozi.uz

Ҳоҷиҳо маърифатро тарғиб мекунанд

Дар мавсими имсолаи Ҳаҷ наздик ба ҳазор нафар самарқандиён амалҳои мубораки зиёратро иҷро карда, ба диёрамон баргаштанд.
— Имсол аз вилояти мо 931 нафар ҳамдиёрамон дар ҳайати 19 гурӯҳ зиёрати Ҳаҷро амалӣ карданд, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи саримом-­хатиби вилоят Ёқубҷон Мансуров. — Бо сарварони гурӯҳҳои 50 нафара ҳамагӣ 950 нафар зиёратчӣ дар маконҳои муқаддас чун Арафот, Мино, Масҷиди Набавӣ тинҷии диёрамон, фаровонии ҳаёти халқамонро пурсида, дуо карданд. Дар давоми сафари мо Президентамон Шавкат Мирзиёев бо муфтӣ Нуриддин Холиқназаров тавассути телефон ҳарф зада, ҳолу аҳвол пурсид. Аз ин ҳамаи мо мамнун шудем. Ҳар як зиёраткунанда аҳд кард, ки аз сафар баргашта, ба ҷои тӯйҳои серхароҷоти «Оши ҳаҷ» ба эҳтиёҷмандон кӯмак мерасонад, ба сифати тарғиботчии маърифат ба ҷавонон роҳи дурустро нишон медиҳад.
— Хурсандиам ҳадду канор надорад, — бо мамнуният қайд кард Гулсара ая Абдураҳимоваи пайариқӣ. — Вақте дар сафар будем, як нафар ба сару либосам нигоҳ карда савол дод. Аз рӯи фаҳмишам, вай «Шумо аз Ӯзбекистон?» гуфта пурсид. «Ҳа, албатта» гуфтам. Якдигарро бе тарҷумон мефаҳмидем. Вай якбора «Ал-­Бухорӣ, Ал-­Бухорӣ» гуфт. Дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Сипас, ба тарҷумон мӯҳтоҷ шудем. Чунки, ман мехостам ба вай дар бораи дар шафати зиёратгоҳи Имом Бухорӣ зиндагӣ карданам, корҳое, ки дар он ҷо амалӣ мешаванд, ҳикоя кунам ва аз ӯҳдаи ин ниятам баромадам. Вай бошад гуфт, ки барои зиёрат кардани хоки бобоямон дар Ӯзбекистон меҳмон хоҳад шуд.

Тӯлқин СИДДИҚОВ