Ovozi.uz

Эҳтиёт шавед: киберҷиноят!

Имрӯзҳо дар ҳудудҳои кишварамон барои бештару хубтар омӯхтани технологияҳои муосир шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Ғайр аз ин, ҳоло дар дасти ҳар касе, аз ҳафт то ҳафтод, сола телефони мобилӣ ҳаст ва аз он чӣ гуна истифода бурдан дар ихтиёрашон мебошад. Аммо рӯз то рӯз намуд ва шакли онҳо дигар мешаванд. Пиронсолон имрӯз дар гӯшии дастии худ як амалро омӯзанд, фардо боз як чизи нофаҳмо барои онҳо пайдо мешавад. Хабарҳо зуд паҳн мегарданд, одамон аз дур истода бо якдигар сӯҳбат мекунанд. Баъзан телевизори хонаамонро фаромӯш мекунем. Чунки хабарҳои охиринро тавассути интернет аз телефонамон мебинему мехонему мешунавем.
Дар чунин давру замони тараққиёт низ дар баробари нафарони хуб, одамони бадкеш ҳам ба назар мерасанд. Онҳо пули муфт ба даст овардан, одамонро фиреб доданро дӯст медоранд. Дар ҷойи нишастаи худ пули охирини чандин одами содаю мӯҳтоҷро ғорат карда, гоҳ бе дому дарак ғайб мезананд, гоҳ дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.
Мувофиқи тадқиқоти олимони Донишгоҳи Оксфорд дар се соли охир аз рӯи киберҷиноят Русия, пас аз он Украина, Хитой ва ИМА пешсафтарин давлатҳои дунё ба шумор мераванд. Дар тадқиқот маҳорати касбии «ҳакер»-ҳо ва ҳолатҳои роҷеъ ба содир гардидани ҷиноятҳои киберӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Хуб, вазъият дар кишвари мо чӣ тавр аст? Оё дар Ӯзбекистон ҳам шумори чунин ҷиноятҳо меафзоянд? Мардум аз ин гуна ҳолатҳо то чӣ андоза хабардоранд? Барои пешгирии киберҷиноятҳо чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд?
Пайдоиши ҷинояти замонавӣ
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки киберҷиноятҳо дар охири асри ХХ пайдо шуд. Чун дар ин вақт интернет босуръат рушд кард ва одамон то ҳол на фақат маълумотҳои худ, балки маблағҳояшонро ҳам бо истифода аз технологияҳои замонавӣ нигаҳдорӣ мекунанд. Ин барои ҷинояткорон айни муддао шудааст.
Аввалан, мо бояд ба истилоҳи «киберҷиноят» эътибор диҳем. Ин намуди ҷиноят ҳама навъҳои ҷиноятҳоеро, ки бо истифода аз технологияҳои замонавӣ, аз ҷумла компутеру телефонҳо содир шаванд дар бар мегирад.
Киберҷиноят аз солҳои 90‑и асри гузашта ба вуҷуд омада, ҳоло яке аз муаммоҳои ҷиддии глобалӣ ба шумор меравад. Вақте ки мо дар мавриди истилоҳи киберҷиноят ҳарф мезанем, дар ҳама ҷо баробари он ба ҳакерҳо рӯ ба рӯ мешавем.
Ҳакерҳо кистанд ва вазифаи онҳо аз чӣ иборат аст? Онҳо нафарони махфие ҳастанд, ки тавассути як компутер ба вайрон кардани системаи тамоми як корхона муваффақ шуда метавонанд. Бо як сухан, онҳо вазифаи киссабурҳои кӯчагиро ба даст гирифтанд ва аз масофа ҳамаи амалиётҳои ғайриқонуниро иҷро мекунанд.
Тибқи маълумотҳо, дар саросари ҷаҳон талафот аз ҷиноятҳои кортҳои бонкии MasterCard ва Visa аз 110 миллион доллари соли 1980 то ба 1,63 миллиард доллари амрикоӣ дар соли 1995 расид. Қисми асосии зарар ба ИМА расида, он 875 миллион долларро ташкил дод.
Давраи дуюми рушди ҷиноятҳои компутерӣ аз миёнаҳои солҳои 90‑уми асри гузашта оғоз меёбад, ки дар ин давр интернет босуръат паҳн шуд. Моҳи декабри соли 1995 дар саросари ҷаҳон тақрибан 16 миллион корбарони интернет ба қайд гирифта шуда буданд ва дар моҳи майи соли 2002 ин рақам ба 580 миллион нафар расидааст, ки тақрибан 10 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки паҳншавии интернет дар саросари ҷаҳон нобаробар буд, зеро беш аз 95 дарсади шумораи умумии корбарони интернет аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Аврупо буданд.
Бузургтарин хатар барои ҷомеа ҷиноятҳое мебошад, ки бо дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти компутерӣ алоқаманданд. Тибқи ҳисобҳои гуногун, ин шакли ҷиноят 85–90 фоизи тамоми ҷиноятҳои компутериро ташкил медиҳад. Илова бар ин, 90 дарсади истифодаи ғайриқонунии захираҳои иттилоотӣ тасодуфӣ мебошад. Ин маълумотҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи чӣ гуна тафтиш кардани ин навъи ҷиноятҳо ва чӣ гуна исбот кардани онҳо дар додгоҳ тасаввуроте надоранд.
Илова бар ин, як мушкили дигари муфаттишон он аст, ки ҷиноят тавассути компутер содир мешавад.
Ин ба он вобаста аст, ки одатан ҷиноятҳои компутерӣ аз хона бо ёрии компютери шахсӣ дар муҳити бидуни сарҳадӣ сурат мегирад.
Вазъияти интиқоли беиҷозати маълумот одатан номаълум боқӣ мемонад, вирусҳое, ки ба компутер ворид шудаанд, бо беэҳтиётии кормандон алоқаманданд.
Одатан, «қурбонон»-и ҷиноятҳои компутерӣ шабакаҳои маҳаллӣ, серверҳо ва шаҳрвандон мебошанд.
Ҷинояткорони касбии компутерӣ шабакаҳо ва серверҳои ширкатҳои бузургро объекти ҷинояти худ интихоб мекунанд ва ҷинояткорони «ҳаваскор» компутерҳо ва телефонҳои афроди алоҳида ва провайдерҳои интернетиро барои дастрасии ройгон ба интернет интихоб мекунанд.
Доми фиребгарон
Киберҷиноятҳо чӣ гуна содир мешаванд? Имрӯзҳо мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора бисёр наворҳо гуногунро мебинем, аз ҷониби ташкилотҳои дахлдор роҷеъ ба ин масъала маводи таблиғотӣ паҳн мегардад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Аммо, боз ҳам мо ба доми фиребгарон донистаю надониста меафтем.
Имрӯз, бештари шаҳрвандон ба найранги ҷинояткорон тавассути даромадан ба як пайвандак (линк) ё ки сабт намудани барномаҳои вируснок фиреб мехӯранд. Ҳолатҳои аз корти бонкӣ бе ному нишон гум шудани пулҳо айнан аз ҳамин сабаб рӯй медиҳад.
Ба қарибӣ ба почтаи электронии нафаре хабар омадааст, ки як инсони сарватманди сокини Бритониёи Кабир дар садама бо як фарзанд ва ҳамсараш (одатан тамоми аъзои оилаи ин гуна одамон ин тавр мешавад) даргузаштааст ва фамилияи марҳум бо фамилияи ин нафар як аст. Ҳоло дар ҳисоби бонкии он 20 миллион доллари амрикоӣ нигоҳ дошта мешавад ва барои гирифтани он адвокат одами муносибро меҷӯяд. Хабарро, ки аз чунин мазмун иборат аст, вакили бовариноки марҳум ба мухотаб мефиристад. Нафаре, ки хабарро қабул мехонад, аввал хурсанд мешавад, ки насабаш ба як одами сарватманд монанд аст ва сипас аз пайи ба даст овардани ин маблағи калон мешавад. Талабҳои «адвокат» (фиребгар)-ро иҷро мекунад.
«Барои гирифтани ин маблағи бузург каме хароҷот ҳаст», — мегӯяд «адвокат».
Афсӯс, ки одамон вақтҳои охир ба доми чунин «адвокат»-ҳои фиребгар бисёр меафтанд.
Боз намуди дигаре ҳам вуҷуд дорад. Дар он ба шумо хабар меояд, ки шумо барандаи ҷоиза шудаед ва барои гирифтани мукофоти пулӣ бояд ба линки фиристода дароед ва агар зарур бошад, дар сайти номаълум маълумотҳоятонро ворид кунед. Ин ҳам як намуди найранги фиребгарон мебошад.
Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ҳеҷ каси ростгӯй ба шумо аз ҷои нест ин қадар пул намедиҳад. Ҳар касе, ки ба шумо бо ин пешниҳод мебарояд, фақат фиребгар аст. Онҳо бо ёрии як амали нодурусти шумо ва ба ҷои пул додан, пулу маълумотҳоятонро ба даст меоваранд.
Чӣ бояд кард?
Зудбовар набошед! Сода нашавед! Дар асри XXI чизе, ки аз ҳама бештар ба мо фанд медиҳад, технологияҳои замонавӣ ба шумор меравад. Чун бо кӯмаки онҳо ҳама корро анҷом додан мумкин аст.
Ҳамгоми омадани чунин хабарҳои «фейк» бо зудӣ ходимони Садорати корҳои дохилиро огоҳ кунед. Агар ба ногоҳ ба доми онҳо афтед, пас пайдо кардани ин гуна шахсон бисёр душвор мешавад ва шояд шумо ҳеҷ гоҳ онҳоро ёфта натавонед.
Ба телефонатон ҳатто занг зада, худро ходими бонк муаррифӣ кунанд ҳам бовар накунед. Чун ходимони бонк ҳеҷ гоҳ кори шуморо тавассути занги телефонӣ ҳал намекунанд. Онҳо шуморо ба бонк даъват намуда, мушкилатонро осон мекунанд.
Баъзе ҷинояткорон ҳатто ба шумо занг зада, аз ҳалокати наздикон ҳам хабар медиҳанд. Дар ин ҳолатҳо аввал ба чӣ қадар рост будани гуфтаҳои нафари ношинос боварӣ ҳосил намудан мувофиқи мақсад мебошад.
Хулоса, мақоли «ҳафт бор чен карда, як бор буридан»-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.