Мардуми ноҳияи Қӯшработ ба ғаллаву зироаткорӣ машғуланд. Вале аз ҳама бештар аз соҳаи токпарварй даромади калон ба даст меоранд.Майдони токзорҳои ноҳия 3187 гектарро ташкил медиҳад. Об дар ноҳия камчин аст. Парвариши ток дар замини лалмӣ ва беоб душвориҳои худро дорад. Зеро касалӣ ва ҳашароти зараррасони ток боиси хеле кам шудани ҳосили ангур мегардад. Аз ҳамин сабаб нозирони шӯъбаи ноҳиявии карантини растаниҳо ва ҳимояи онҳо токзору боғҳои сокинони маҳаллаҳоро ба таври доимӣ аз назар мегузаронанд.Аз ҷумла, нозирон токзорҳои хонаводаҳои маҳаллаи Дӯстликро аз назар гузаронида, тавсияҳои зарурӣ доданд.
Тавсияҳои зарурӣ барои токпарварӣ
