Ovozi.uz

Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Қирғизистон кори худро оғоз кард

Ҳоло дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи барешим”-и шаҳри Самарқанд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба кор шурӯъ кард. Дар он ректорон ва профессорони мактабҳои олии ду кишвар ширкат доранд.
Форумро Вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияҳо Қӯнғиротбой Шарипов ва Вазири таҳсилоти олӣ ва фанни Қирғизистон Догдуркул Кендирбоева ифтитоҳ намуданд.
Форум ду рӯз давом мекунад. Дар он имзои созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.