Ovozi.uz

“Инсон” — дар хидмати шаҳрвандон

Маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон» ним сол аст, ки фаъолияти худро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷумҳурӣ идома медиҳад. Дар он ҳуқуқҳои 12 тоифаи одамон ҳимоя карда мешаванд, ки оилаҳои камбизоат, шахсони ногироидошта, пиронсолони ба парвариши дигарон мӯҳтоҷ, гирифтори бемориҳои вазнин, бонувони ба таҷовуз дучоршуда, ятимон, волидони ноболиғ, нафарони бехонаву ҷой ва ғайраҳо аз ин ҷумлаанд.
Бо мақсади шинос кардани ходимони васоити ахбори оммавӣ бо корҳое, ки дар шӯъбаи Маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон»-и ноҳияи Самарқанд амалӣ гардидаанд, рӯзи 19-уми июл ба ин маскан пресс-тур ташкил гардид.
— Маркази мо барои ду ноҳия — Самарқанд ва Тайлоқ хизматҳои иҷтимоӣ мерасонад, — гуфт мудири шӯъбаи кор бо шахсони ногироидоштаи марказ Абдувалӣ Холдоров. — Ҳоло дар ин ҳудуд шахсони ногироидоштаи гурӯҳи аввал 802, гурӯҳи дуввум 4209, гурӯҳи сеюм 610, ногироёне, ки ба синни 18 нарасидаанд 1114 нафарро ташкил медиҳанд. Дар 74 маҳаллаи ду ноҳия 32 нафар ходимони иҷтимоӣ фаъолият пеш мебаранд.
Инчунин, таъкид намуд, ки ходимон ба ҳар як хонадон даромада, аз аҳволи шаҳрвандон хабар мегиранд. Шахсони ногироидоштаро мунтазам аз муоинаи тиббӣ гузаронида, барои онҳо марказ таҷҳизоти зарурӣ тақдим мекунад.
— Ҳамарӯза 10-15 нафар беморон барои санҷиши тиббӣ меоянду саломатии онҳоро аз назар мегузаронем, — гуфт эксперт-неврологи марказ Мавҷуда Қаюмова. — Муддати ногироиро ба 1 сол, 2 сол ва якумра муайян мекунем. То ҳол дар ноҳия беш аз 6700 шахси ногироидоштаро ба рӯйхат даровардем. Шумораи онҳо ҳар рӯз вобаста ба вазъи саломатияшон зиёд ё кам мешавад. Хизматҳои тиббӣ низ барои бачагон, барои беморони рӯҳӣ ва барои дигар намудҳои бемориҳо алоҳида мебошад.
Сипас, ходимони ВАО бо шароитҳои шӯъбаи офият (реабилитатсия)-и назди поликлиникаи рақами 32-и Иттиҳоди тиббии ноҳияи Самарқанд шинос шуданд.
— Ин марказ 2 моҳ пеш фаъолияти худро оғоз кард, — гуфт роҳбари шӯъба Шоҳрух Ҷӯрақулов. — Дар ин ҷо барои нафароне, ки аз ҷониби Маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон» роҳхат мегиранд ва ногироӣ доранд, хизматҳо ройгонанд. Дар бинои шӯъба барои шахсони ногироидошта шароитҳои зарурӣ мавҷуд аст.
Дар поёни пресс-тур директори Маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон»-и ноҳия Улуғбек Мамадиёров ба саволҳои журналистон посух дод.

Ш.КЕНҶАЕВ