Ovozi.uz

«Зуд Самарқандро пазмон мешавам…»

Дар он ҷое, ки дӯстӣ ҳаст, умед ҳаст, адолату муҳаббат дастболо ва меҳрубониву раҳму шафқат ва шодиву фараҳ ҳамроҳ бо инсонҳост. Дӯстӣ зиндагониву хонаводаҳои моро фирӯзу шодком медораду ба ҳастии мо маъно мебахшад. Ҳамаи инҳоро ба назар гирифта, Ассамблеяи генералии Созмони милали муттаҳид оиди ҷашнгирии Рӯзи дӯстии байналмилалӣ 9‑уми июни соли 2011 қарор қабул кард. Мақсад аз қабули ин қарор он аст, ки дӯстии халқҳои гуногун мастаҳкам гардида, равобити дӯстонаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон густариш ёбанд. Имрӯзҳо, ки дар тамоми дунё амалиётҳои ҳарбӣ ба амал омада, оташи ҷанг дар баъзе кишварҳо аланга мезанад ва ҷаҳон пур аз зӯровариҳост, масъалаи дӯстӣ аз ҳарвақта дида, бештар аҳамият пайдо мекунад.
Дар ҷумҳурии мо қариб намояндагони 130 қавму миллат дӯстона зиндагонӣ мекунанд. Барои мустаҳкам кардани дӯстиву ҳамзистии онҳо соли 2020 қарори «Дар бораи таъсиси нишони сарисинагии «Халқлар дӯстлиги»- «Дӯстии халқҳо»-и Девони Вазирон Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон шуд.
Нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо»-и Кумитаи робитаҳои байни миллатҳо ва муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамасола дар арафаи 30‑юми июл — Рӯзи байналхалқии дӯстӣ ва 16‑уми ноябр — Рӯзи фарохдилӣ супурда мешавад. Бо ин нишон раиси Марказии миллӣ-­фарҳангии тотору бошқирдҳои вилояти Самарқанд Ахмед Макаримович Субҳонқулов ҳам завор гардидааст. Мо бо Ахмед Субҳонқулов дар арафаи Рӯзи байналмилалии дӯстӣ вохӯрдем.
— Ахмед Макаримович, дӯстии халқҳо ин неъмати ноёб аст. Шумо ҳамчун намояндаи халқи тотор худро дар Самарқанд чӣ хел ҳис мекунед?
— Бисёр хуб. Самарқанд зодгоҳи ман аст. Ман дар ҳамин ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаам ва зиндагӣ дорам.
— Агар бемалол бошад, каме дар бораи худ маълумот медодед?
— Чӣ хеле ки гуфтам, ман зодаи Самарқандам. Баъди хатми мактаби миёна, таҳсилро дар мактаби олӣ давом додам. Дар факултети забони немисӣ хонда, мутахассиси соҳаи забон ва адабиёти немисӣ шудам. Чандин солҳо дар идораи ҳамонвақтаи туристии «Спутник»-и Самарқанд тарҷумон шуда, кор кардам. Ба сайёҳони хориҷие, ки ба Самарқанд меомаданд, хизмати тарҷимониро ба ҷо меовардам. Ба ҷойҳои сазовори диққати вилоятамон раҳнамоӣ карда, аз дирӯзу имрӯзи Самарқанд нақл менамудам. Самарқанди биҳиштосои мо дар ҳақиқат ба таърифу тавсифҳо меарзад. Баъди тамошои шаҳр меҳри хориҷиён ҳам ба ин шаҳри қадимаи мо зиёд мегашт. Ҳамчун самарқандӣ ба хориҷиён Самарқандро ҳаматарафа муаррифӣ кардан ба ман хеле маъқул буд.
— Ҳоло аз Самарқанд дур афтед, худро чӣ хел ҳис мекунед?
— Медонед, ман ду фарзанд дорам. Онҳо калон шуда, роҳу равиши зиндагонии худро ёфтанд. Ҳоло яке дар Ангилияву дигаре дар шаҳри Қазони Россия зиндагонӣ мекунанд. Якдигарро пазмон мешавем. Ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Равам, дар хонаи онҳо аз ду-се ҳафта зиёд истода наметавонам. Зуд Самарқандро пазмон мешавам ва гашта меоям. Самарқанд ҳамин хел як ҷое аст, ки онро бо сухан баён кардан душвор, онро ҳис кардан даркор аст.
— Худатон аз ман хубтар медонед, ки Самарқанд вилояти сермиллат аст. Дар ин ҷо 11 маркази миллӣ-­фарҳангӣ амал мекунад, ки яке аз онҳо ба тотору бошқирдҳо, ки шумо роҳбарӣ мекунед, тааллуқ дорад. Ҳоло ин марказ намояндагони миллати Шуморо сарҷамъ кардааст?..
— Пештар ин хел марказ набуд. Бо вуҷуди он, мардуми мо дар чойхона ё ягон ҷойи дигар ҷамъ омада, байни худ сӯҳбат мекарданд, дар иҷрои баъзе корҳо ба ҳамдигар кӯмак мерасонданд, барои барқарории урфу одатҳои миллӣ кӯшиш менамуданд. Бо сиёсати адолатпарваронаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маркази миллӣ-­мадании тотор ва бошқирдҳои «Умирзая» 30‑юми апрели соли 1993 дар шӯъбаи адлияи вилоят ба қайд гирифта шуд. Баъдтар солҳои 2010 ва 2014 аз сари нав маркази моро аз рӯйхат гузарониданд.
— Маркази миллӣ-­фарҳангии тотору бошқирдҳо ҳоло дар ҳаёти мардуми Шумо чӣ нақше мебозад?
— Марказ дар ҳаёти мардуми мо роли калоне мебозад. Фаъолияти марказ ба ҳифзи забон, нигоҳдории расму оин, урфу одатҳои халқҳои тотору бошқирд ва ғайра нигаронида шудааст. Бо ин мақсад шӯрои марказ мунтазам чорабиниҳои зиёдеро ташкил мекунад ва мегузаронад.
— Барои мисол, баъзеҳояшро номбар мекардед, хеле хуб мешуд.
— Масалан, 15‑уми феврал рӯзи таваллуди шоири маъруф Мӯсо Ҷалил аст, ки онро бо тантана қайд мекунем. 28‑уми феврал Рузи қаннодии тоторҳо — дар ин рӯз тайёр кардани таомҳои миллии тоторҳо намоиш дода мешавад. Ҳар сол 26‑уми апрел мо рӯзи таваллуди намояндаи адабиёти классикии тотор Ғабдулло Туқайро ботантана қайд мекунем. Соле нест, ки 4‑уми июл мо анъанаи милли худ «Сабантӯй»-ро ҷашн нагирем. Дар ин анъанаи миллии мо то 300 нафар тотору бошқирдҳо иштирок мекунанд. 4‑уми октябр дар Рузи умумиҷаҳонии чак-чак таоми машҳури тоторӣ чак-чак тайёр карда мешавад. Дар марказ, инчунин ҳамасола 20‑уми октябр зодрӯзи шоир, нависанда, драматурги барҷастаи бошқирд Мустай Карим ва 16‑уми июн ба хотираи қаҳрамони миллии халқи бошқирд, шоир Салават Юлаев эҳтиром гузошта мешавад. Дар ин чорабиниҳо намояндагони халқҳои бошқирду тотор бо либосҳои миллӣ ҷамъ омада, дар зери аккордеон суруду рақсҳои миллиро иҷро мекунанд ва бо забонҳои худ муошират менамоянд.
— Дар қатори ин санаҳои муҳим рӯзҳои таърихиву идҳои милли Ӯзбекистон ҳам қайд карда мешаванд?
— Албатта, охир мо сокини ҳамин диёрем. Намояндагони миллатҳои мо дар тамоми ҷашну сурҳои Ўзбекистон, аз қабили Наврўз, Рӯзи хотира ва қадршиносӣ, Рӯзи истиқлолият, Иди муаллимон ва мураббиён, Рӯзи шаҳри Самарқанд ва ғайра фаъолона иштирок мекунанд ва ё бо мардуми Самарқанд якҷоя бо ҳама мегузаронанд.
— Гузаронидани ин гуна чорабиниҳо ба дӯстиву рафоқати байни халқу миллатҳо нигаронида шудаанд. Дар охир чӣ нияту дархостҳо доред, бигӯед.
— Кору нақшаҳо бисёр. Мо якҷоя бо маркази милливу фарҳангии дигар миллатҳо ҳам ҳамкорӣ мекунем. «Вохӯрии се авлод», «Ба некӣ кардан шитобед!», фестивали «Ҷавонони нави Ӯзбекистон, якҷоя шавем» ва ғайра иштирок мекунем. Хулоса, осмон мусаффо, замона тинҷ ва дӯстии байни халқу миллатҳо мустаҳкаму пойдор бошанд, мамлакат тараққӣ карда, зиндагонии ҳар яки мо хушу фаровон мегардад.

Мусоҳиб М.ҶУМЪАЗОДА