Ovozi.uz

Исми довари асосии бозии Суперҷоми УЕФА миёни дастаҳои “Реал” ва “Аталанта” муайян шуд

Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) номи довареро, ки бозии Суперҷоми УЕФА — 2024 –ро ҳакамӣ мекунад, эълон кард.

Бозии «Реал Мадрид» ва «Аталанта» , ки 14-уми август доир мегардад, онро довари швейтсарӣ Сандро Шерер ҳакамӣ мекунад.

Бозӣ барои Суперҷоми УЕФА имсол дар варзишгоҳи Варшава (Полша) баргузор мешавад. Бозӣ соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Барандаи Ҷоми Лигаи Чемпионҳо «Реал Мадрид» ва барандаи Лигаи Аврупо «Аталанта» барои дарёфти ҷоиза мубориза мебаранд.

Манбаъ: Варзиш тв