Ovozi.uz

Мушоҳида дар тӯйхона…

Ҷашну сурро аксарият дӯст медоранд. Бинобар ҳамин, ҳама орзу мекунанд, ки ба ин хел рӯзҳои нек расанд.
Тӯй барои тӯйхӯрон аст. Вале… Дар тӯй ҳоҷиву муллоҳо ҳам мехӯранд, ҳам соҳиби нону рӯймолча мешаванд ва ҳам як чиз — ним чиз ба кисаҳояшон медарояд.
Ҳофизон каму беш сароянд, ки ба ҷояшон асосан фонограмма «мехонад», музди хизматашонро нағзакак мерӯёнанд ва боз соҳиби тӯйро миннатдор мекунанд.
Раққосаи тӯй мехӯраду баъди орову торои худ ҳамчун пахтачин ба пулчинӣ машғул мешавад.
Аз тӯй сурнайчиҳо ҳам бенасиб намемонанд. Баъзе рӯзҳо дар панҷ-шаш тӯйхона «гастрол»-и сафарии худро ба анҷом мерасонанд.
Даромади соҳибони ресторанҳо ва ризқу рӯзии хизматгорони онҳо (дар хонаҳо барпо кунанд, ҳаққи прокатчиҳо) аз болои тӯй аст. Бинобар ҳамин, онҳоро шинохта намешавад.
Тӯй, ки барои мардум ороста мешавад, онҳо мехӯранд (агар нӯшокӣ дошта бошад, каму беш менӯшанд)-у ба сурнайчиву раққоса пул часпонида, бо кисаҳои сабуктар баромада мераванд.

Б.РУСТАМЗОД